Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими равобити дӯстона, ки дар дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро самараи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин арзёбӣ карда, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани намоиши маҳсулоти дар вилояти Суғд истеҳсолшаванда ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати мулоқот бо соҳибкорону тоҷирони Федератсияи Россия ба роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия изҳори сипос кард.
Тазаккур дода шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд буда, метавонад дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноату кишоварзӣ бо сармоягузорони рус ҳамкории судмандро тавсеа бахшад.
Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин дар навбати худ таҳкими равобити иқтисодиро ба манфиати ҷонибҳо маънидод карда, илова намуд, ки ташкили намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва муарифии имкониятҳои мавҷуда барои шиносоии бештари сармоягузорон ва ҷалби онҳо ба амалисозии лоиҳаҳои муҳим мусоидат мекунад.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд