Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахонов мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ду кишвари ба ҳам дӯст робитаҳои хуби иқтисодӣ ва фарҳангӣ доранд.
Маълумот дода шуд, ки дар нуҳ моҳи соли равон гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Қазоқистон 602,1 миллион долларро ташкил додааст. Доираҳои тиҷоратии ду тараф ҳамкории самаранок доранд ва як қатор лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намудаанд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода омодагии худро барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ изҳор дошта, доир ба имкониятҳои вилоят дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дод.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахонов бо ёдоварӣ аз ташкили Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва намоиш-фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар шаҳрҳои ин кишвар илова намуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон сол ба сол тақвият меёбад. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки соҳибкорону сармоягузорони қазоқистонӣ омодаанд дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои муштарак бо ҳамтоёни тоҷики худ якҷо фаъолият намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд