Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон

Тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 16 октябри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии Комиссяи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии С.С. Ятимов ва К.К. Ташиев баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот роҳбарони ҳайатҳо оид ба рафти иҷрои мувофиқаи ҷонибҳо вобаста ба тавсифи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонада изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ барои ҷоннок кардани кор ва ҳалли ҳамаи масъалаҳои наздимарзӣ дастурҳо дода шуд.

Фаъолияти гуруҳҳои кориро ҷамъбаст намуда, роҳбарони ҳайатҳо бори дигар муҳимияти Протоколи №44 аз 2 октябри соли 2023-ро вобаста ба таҳкимим раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон қайд намуданд ва омодагиро барои иҷрои бечунучарои муқарроти он иброз карданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд