Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шугарф

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шугарф​ мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, доир ба густариши равобити дӯстона мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят дар суҳбат қайд кард, ки Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ дошта, саҳми Олмон дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва барои ҷомеа муфид назаррас аст. Аз ҷумла, нақши Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар амалишавии тарҳҳо ва гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланд шоистаи ёдоварист.

Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки дар вилояти Суғд соҳаҳои саноату кишоварзӣ рушд карда, имкониятҳо барои амалисозии лоиҳаҳои нав фаровон аст. Вилоят метавонад барои ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои нав, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо минтақаҳои гуногуни Олмон​ робита барқарор намояд.

Ҳамзамон ҳамасола садҳо ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва Тоҷикистон сафар мекунанд ва дар ин бахш низ метавон робитаҳоро мустаҳкам намуда, барои ҷалби сайёҳон аз Олмон корҳои муҳимро амалӣ сохт.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шугарф аз истиқболи самимӣ изҳори хушҳолӣ карда, омодагии худро барои боз ҳам беҳтар намудани робитаҳои дӯстона баён дошт.

Бояд таъкид кард, ки дипломати олмонӣ зимни сафари худ ба вилоят аз як қатор минтақаҳои сайёҳиву фарҳангӣ, корхонаҳои саноатии вилоят боздид менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд