02-юми октябри соли ҷорӣ дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-лейтенант Қамчибек Тошиев роҳбарӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласа мубодилаи афкор оид ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
Роҳбарони гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон муҳиммияти ҳаллу фасл намудани минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистонро иброз намуда, ба аъзоёни гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ идома медиҳанд.
Дар рафти вохӯрӣ муҳиммияти тақвият бахшидани дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва эътимодӣ байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷониба зарур шуморида шуд.
Аз натиҷаи вохӯрии ҳайатҳои байнидавлатии дуҷониб протокол ба имзо расид. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд