23 сентябри соли 2023 дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳамзамон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳои Суғду Ботканд ва раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарзи ду кишвар иштирок доштанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо қайд намуданд, ки таъмини иҷрои қарорҳои қабулшуда ҷиҳати ҳифзи амнияти мардум ва таъмини сулҳу субот дар сарҳади давлатӣ муҳим мебошад.
Бо мақсади пешгирии нофаҳмиҳои гуногун дар байни шаҳрвандон, таъмини амнияти ҷомеа аз ҷониби роҳбарони вилоятҳо ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳад ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ барои гузаронидани чорабиниҳои муштарак дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Зимни суҳбат раисони вилоятҳои Суғду Ботканд бори дигар нигоҳ доштани оромӣ ва субот дар минтақаҳои марзии ду кишварро муҳим арзёбӣ карданд. Илова гардид, ки рӯзҳои ахир нашри матолиби марбут ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар расонаҳо баҳсҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехта, андешаҳои норавшан баён шудааст.
Бо назардошти ин, зарур шуморида шуд, ки ҷонибҳо аз арзёбии нодурусти масъалаҳои марбут ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳамчунин вазъи сарҳад худдорӣ намоянд. Дар зимн сокинон низ бояд ба маълумоти ғайрирасмии носанҷида, ки метавонад иғвои гуруҳҳои манфиатхоҳ бошад, бовар накунанд.
Муҳим аст, ки шаҳрвандон минбаъд таваҷҷуҳи худро ба сомонаҳои боэътимод ва расмии идораҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоии расмии ду кишвар равона созанд.
Роҳбарони вилоятҳо ҳамчунин илова намуданд, ки дар роҳи мустаҳкам намудани муносибатҳои неки ҳамсоягии байни мамлакатҳоямон нақши асосиро сокинони ду ҳамсоякишвар мебозанд, ки алоқаҳои чандинасраи дустӣ, оилавӣ ва маънавӣ доранд.
Маҳз ҳамин омилҳои асосӣ, ки ба хиради азалии халқҳои мо асос ёфтаанд, бояд дар мулоқоту вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо нақши мустаҳкам бозанд. Тарафҳо таъкид карданд, ки тамоми масъалаҳои бавуҷудомада танҳо тавассути гуфтушунидҳои осоишта ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал карда мешавад. Инчунин зарур шуморида шуд, ки ҷонибҳо бандҳои пртоколи № 42-ро бояд пурра иҷро намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд