Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот фаъолияти кунунии ширкат ва таъмини уҳдадориҳои дар назди он гузошташуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин аз калонтарин корхонаҳои саноатии вилояту ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, саҳми он дар пешрафти саноат назаррас аст. Дар корхона асосан консентрати сурб ва консентрати руҳ истеҳсол мешавад.
Зарур шуморида шуд, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ пурра истифода гардида, бо назардошти талаботи рӯз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад. Ҳамзамон саҳмгузории ширкат дар бунёди иншооти иҷтимоӣ бояд бештар гардад.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии нақшаи корӣ ба анҷом расид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд