Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Хабир Ҳабибуллин

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода котиби генералии Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ Хабир Ҳабибуллинро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи омодагиҳо ба қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандиро, ки миёни наврасони 18-20 сола дар Хуҷанд баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон таъмин гардида, барои машқу тамрини ҷавонону варзишгарон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Маълумот дода шуд, ки гӯштини миллии камарбандӣ дар вилояти Суғд маъруф буда, беш аз 800 нафар варзишгарон ба ин намуди варзиш машғуланд, зиёда аз 20 нафар устодони варзиш шогирдонро машқ медиҳанд. Ин навъи варзиш асосан миёни сокинони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, Деваштич, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Шаҳристон мақоми хос дошта, варзишгарон дар мусобиқоти байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд. Дар 8 моҳи соли ҷорӣ варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ 22 медал овардаанд, ки боиси ифтихор аст.

Хабир Ҳабибуллин аз истиқболи самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки чемпионати ҷаҳон миёни наврасон дар Хуҷанд дар сатҳи баланд хоҳад гузашт.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур рӯзҳои 12-15 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд миёни наврасони 18-20 сола доир шуда, дар назар аст, ки дар он аз 20 кишвари ҷаҳон варзишгарон иштирок намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд