Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Равасвамиро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории мутақобила мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд баён доштанд.
Раиси вилоят зимнан таъкид дошт, ки вилояти Суғд чун «водии имкониятҳо» шинохта шуда, барои пешрафт ва рушду тараққиёти ҳамаи бахшҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирӣ ва талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум тадбирҳои мушаххас андешида шуда, барномаҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва беҳтар намудани вазъи соҳаҳо нақши ташкилотҳои байналхалқӣ ва инстутҳои молиявӣ низ назаррас буда, дар СММ яке аз шарикони асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Роҳбари вилоят саҳми СММ-ро дар татбиқи лоиҳаҳо дар минтақаҳои гуногун назаррас арзёбӣ дошта, дар оянда амалисозии барномаҳои мухталифро дар бахшҳои маорифу тандурустӣ, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва полезӣ, дастгирии муҳоҷирони экологӣ, беҳтарсозии хизматрасонӣ барои модару кӯдак ва ғайра муҳим шуморид.
Парвати Равасвами барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии хешро барои татбиқи лоиҳаҳо саҳмгузорӣ дар пешрафти вилоят баён дошт. Таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд рушди соҳаҳо таъмин гардида, тадбирандешиҳои роҳбарияти олии мамлакат барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда истодааст.
Айни замон дар вилояти Суғд барномаҳои мухаталифи СММ, аз қабили хазинаи кӯдакон, озуқаворӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди устувор ва иқтисоди сабз, ҳуқуқи инсон амал мекунад.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои вусъати ҳамкориҳо дар оянда баён доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд