Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Александр Максимов

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари Шӯрои директорони компанияи "Тринити Прокюремент ДММС" Александр Максимовро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Раиси вилоят аз таҳкими робитаҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки шарикони стратегӣ мебошанд,​ изҳори хушнудӣ намуда, барои тавсеаи ҳамкориҳо омодагии худро иброз дошт. Таъкид карда шуд, ки тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, аз ҷумла, Свердловск, Иркутск, Алтай, Красноярск, Москва равобити хуби дӯстона дорад, ки ин самараи сиёсати​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мебошад.

Маълумот дода шуд, ки вилояти Суғд дорои 18 шаҳру ноҳия буда, дар вилоят соҳаи саноат рушд кардааст. Мавҷудияти минтақаи озоди иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ омили рушди соҳа буда, саноати куҳӣ-металлургӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, истеҳсолу коркарди нӯшокиҳо, меваву сабзавот васеъ ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят таваҷҷуҳи соҳибкори русро барои ташкили корхонаҳои муштарак дар самти истеҳсоли либосҳои пахтагин, коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, консерва, обҳои нӯшокӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои ороишӣ,​ бунёди меҳмонхонаҳои муосир, маҷмааи солимгардониву истироҳатӣ, азхудкунии заминҳо ва бунёди боғҳои интенсивӣ, содироти мева аз мамлакат ҷалб намуда, барои амалисозии тарҳҳои муштарак омодагии соҳибкорони тоҷикро изҳор намуд.

Соҳибкори рус ҳадафи сафарашро омӯзиши вазъи иқтисодиёти вилоят​ ва шиносоӣ бо захираву имкониятҳои мавҷуда арзёбӣ карда, қайд намуд, ки сармоягузорони рус барои ташкили корхонаҳо, маҷмааҳои солимгардониву истироҳатӣ ва​ сайёҳӣ, харидории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ҳавасманд мебошанд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ва ироаи таклифу пешниҳодҳо ба охир расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд