Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «Азия групп компани» Филип Федотов

14 августи соли 2023​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати «Азия групп компани» Филип Федотов, инчунин Алексий Лубинский, Денис Попов, Светлана Новикова —​ мутахассисони варзида аз Федератсияи Россияро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни​ Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва​ ширкати «Азия групп компани» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст изҳор дошт, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ҳамкории миёни вилоятҳои ду мамлакат густариш ёфта, тарафҳо лоиҳаҳои муштаракро дар самтҳои мухталиф амалӣ намуда истодаанд. Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд​ дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳу ранга ва қиматбаҳо буда, саноати​ истихроҷ ва коркард рушд кардааст. Бо ҷалби сармоя метавон потенсиалҳои мавҷударо истифода бурд ва дар ин раванд тарҳҳои навро амалӣ сохт.

Тазаккур дода шуд, ки​ Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва ширкати «Азия групп компани» ҳамкориро ба роҳ монда, дар самти истеҳсолу коркарди​ ванадий натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Бо назардошти ин, дастур дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои ҳаҷми истеҳсол зиёд карда шавад.

Меҳмонон аз истиқболи гарм изҳори хушнудӣ намуда, натиҷаи кори шарикиро мусбат арзёбӣ карданд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд