Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон - баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, саноатикунонии босуръати кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
Бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғ токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иҷтисодию иҷтимоии вилоят таъмин шудааст.
Вазъи иҷрои буҷет
Бо мақсади бартараф намудани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёт ва нигоҳ доштани сатҳи мутавозини буҷет дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати истифодаи мақсадноки захираҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба хароҷоти ғайримақсаднок ва дуюмдараҷа корбарӣ шуда, иҷрои барзиёди нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ таъмин карда шуд.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 11 моҳи соли 2021 ба андозаи 105,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3501,9 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 169,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар 11 моҳи соли 2021 ба буҷети маҳаллии вилоят 2191,5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 112,6 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 105,4 фоизи нақша мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 2137,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 2123,8 миллион сомонӣ таъмин шуд, ки баробари 99,4 фоизи нақша мебошад.
Баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 995,3 миллион сомонӣ, тандурустӣ 483 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 21,2 миллион сомонӣ, фарҳангу варзиш 188,3 миллион сомонӣ ва дар маҷмўъ 1687,8 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 79,5 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Дар 11 моҳи соли 2021 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 812 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 790 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 97,3 фоизи нақша мебошад.
Савдои дохилӣ ва хориҷӣ
Дар давраи ҳисоботӣ баҳри бартараф намудани пайомадҳои пандемияи “Коронавирус – Сovid-19”, ба таври мунтазам ба роҳ мондани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои ниёзи аввал ва пешгирии ба таври сунъӣ болоравии нархҳо, ба масъалаи баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шуд. Дар 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши савдо 12492,6 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 3254 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 115,5 ва 103,5 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 ба 2020,9 миллион доллари амрикоӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 135,4 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 1481,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 291,1 миллион доллар ё 24,5 фоиз афзуд. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 539 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 237,4 миллион доллар ё 1,8 баробар зиёд шудааст. Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 67136 тонна ва ба маблағи 152,3 миллион доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 235013 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 284,2 миллион доллари амрикоӣ содирот шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 52,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9 банди фоизӣ боло рафтааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 50840 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 612654 тонна семент ба маблағи 21,5 миллион доллари амрикоӣ содирот шудааст. Бояд зикр кард, ки маҳсулоти асосии содиротӣ маъдану консентрат ва нахи пахта боқӣ монда, ҳиссаи онҳо дар сохтори содирот назаррас мебошад. Ин омил водор месозад, ки дар самти диверсификатсияи содирот тавассути роҳандозии истеҳсолоти намудҳои маҳсулоти характери содиротидошта фаъолият тақвият бахшида шавад. Дар натиҷаи татбиқи ҳадафмандонаи саноатикунонии босуръати кишвар дар вилоят нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи саноати нассоҷӣ беҳтар гардидааст, ки зиёдшавии ҳаҷми содироти калобаи пахтагин ва либосворӣ аз он дарак медиҳад. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 17,2 миллион доллари амрикоӣ 1082 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 1,1 миллион доллари амрикоӣ ва 71 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст. Илова бар ин, ба маблағи 6,8 миллион доллари амрикоӣ 2729 тонна калобаи пахтагин содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 815 тонна ва ба маблағи 3,14 миллион доллар зиёд аст.
Содироти нахи пахта нисбат ба соли пешин 4518 тонна коҳиш ёфта бошад ҳам, аз ҳисоби 51,8 фоиз боло рафтани нархи бозори ҷаҳонӣ маблағи аз ин ҳисоб воридшуда 15,2 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфта, ҳамагӣ 30674 тонна нахи пахта ба маблағи 62,4 миллион доллар содирот шудааст. Дар 11 моҳи соли 2021 ба маблағи 23,2 миллион доллари амрикоӣ 138556 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 44319 тонна ва ба маблағи 9,1 миллион доллар зиёд мебошад. Ҳиссаи хушкмева ва пиёз дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 60,8 ва 19 фоизро дарбар гирифта, дар ин давра 38834 тонна хушкмева ба маблағи 14,1 миллион доллар ва 81764 тонна пиёз ба маблағи 4,4 миллион доллар содирот шудааст. Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 12676 тонна зиёд шуда бошад ҳам, аз ҳисоби пастравии нарх маблағи аз ин ҳисоб воридшуда 774 ҳазор доллари амрикоӣ кам шудааст. Афзоиши содироти хушкмева 20511 тоннаро ба маблағи 7,3 миллион доллар ташкил намудааст.
Содироти консерваҳои меваю сабзавот нисбат ба 11 моҳи соли 2020 ба миқдори 1048 тонна зиёд шуда, дар ин давра ҳамагӣ 1533 тонна консерваҳои гуногун ба маблағи 660,4 ҳазор доллари амрикоӣ содирот шудааст. Дар самти воридоти маҳсулоти ниёзи аввал низ дигаргунӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, воридоти орд нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 6285 тонна кам шуда, ҳамагӣ 42428 тонна орд ворид гардидааст. Ҳамзамон, воридоти ғалла 29852 тонна зиёд шуда, ҳамагӣ 863789 тонна ғалла ворид шудааст. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти равғани растанӣ 1261 тонна ва ба маблағи 11,5 миллион доллар афзуда, ҳамагӣ 36892 тонна ба маблағи 41,4 миллион доллар ворид гардидааст. Воридоти гӯшти паранда дар заминаи тавсеа ёфтани иқтидорҳои дохилӣ тадриҷан коҳиш ёфта, дар ин давра ҳамагӣ 1973 тонна гӯшти паранда ба маблағи 5,7 миллион доллар ворид карда шудааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба миқдори 24951 тонна, гази моеъ 12982 тонна, чӯбу тахта 43770 метри мукааб, воситаҳои нақлиёт 1545 адад ба ҳисоб гирифта шуда, дар 11 моҳи соли 2021, дар маҷмуъ, 175760 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 113,6 миллион доллар, 332968 тонна гази моеъ ба маблағи 166,3 миллион доллар, 299410 метри мукааб чӯбу тахта ба маблағи 47,4 миллион доллар ва 18324 воситаи нақлиёт ба маблағи 70,6 миллион доллар ба қаламрави гумрукии вилоят ворид шудааст.
Зиёд шудани воридоти ашёи хоми стратегӣ ва маводи энергетикӣ, аз қабили маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ғалла, чӯбу тахта, инчунин, воситаҳои нақлиёт ва технологияҳо аз эҳё гардидани иқтисоди миллӣ пас аз буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ, ки бар асари пандемияи “Сovid-19” саросари ҷаҳонро фаро гирифта буд, дарак медиҳад.
Маълумот оид ба таъмини беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию қарздиҳӣ корҳои муайянро амалӣ намуд. Таъмини рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, дастрасии соҳа ба имтиёзҳои иқтисодӣ омили асосии баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аҳолӣ ва таъминот бо ҷойи корӣ маҳсуб ёфта, фаъолият дар ин самт таҳти таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.
Дар вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба санаи 1-уми декабри соли 2021 аз аввали бақайдгирӣ 121027 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 10262 адад зиёд шудааст. Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рўи патент фаъолият мебаранд, ба 35564 нафар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 6577 нафар зиёд мебошад. Шумораи субъектони тибқи шаҳодатнома фаъолиятбаранда дар давраи ҳисоботӣ 11731 ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1309 адад афзудааст. Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ - сентябри соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 258,8 миллион доллари амрикоӣ сармоя, аз ҷумла 238,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 20,4 миллион доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 1,84 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 131,5 миллион доллар сармояи мустақим ва ба маблағи 87,3 миллион доллар ҳар гуна сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилоят ҷалб шуданд.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2021, №358 “Дар бораи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025” дар вилоят татбиқи 140 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,5 миллиард доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шуда, ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо ворид шудааст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ба ин васила таъмин намудани
афзоиши иқтидори содиротии минтақа, бо иштироки доираҳои соҳибкории ватанӣ, бахши молиявию қарзӣ, ташкилоти сайёҳӣ, шарикони рушди Тоҷикистон, бизнес-ассотсиатсияҳо ва намояндагони давлатҳои хориҷӣ, баргузор намудани форуму ярмаркаҳои байналмилалӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Соли ҷорӣ низ, новобаста аз маҳдудиятҳои бавуҷудомада, ҳафтумин Намоишгоҳи байналмилалии савдо “Суғд-2021” баргузор гардида, имкониятҳои содиротӣ ва потенсиали саноатию аграрии вилоят муаррифӣ шуд.
Вазъи соҳаи кишоварзӣ, истифодабарӣ ва ҳолати мелиоративии замин
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.
Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар 11 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 11360,5 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 106 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 8624,3 миллион сомонӣ ва чорводорӣ ба маблағи 2736,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 104,8 ва 110,1 фоиз таъмин гардидааст. Барои ҳосили соли 2021 дар масоҳати 279755,5 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Аз майдони умумии кишт 234812,0 гектар ё 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44943,5 гектар ё 16,1 фоиз ба аҳолӣ рост меояд.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 121417,0 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимаккаи дон), аз ҷумла 54936,6 гектар гандум, 50449,4 гектар ҷав ва 9198,3 гектар шолӣ кошта шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ майдони кишти гандум 4780,6 гектар ва шолӣ 5 гектар афзудааст. Масоҳати кишти ҷуворимакка барои дон 6437,2 гектар ва зироатҳои хўроки чорво 42773,3 гектарро ташкил намуда, нисбат ба соли сипарӣ кишти ҷуворимакка 135,2 гектар кам ва хӯроки чорво 2206,9 гектар зиёд шудааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои нишондиҳандаи пешбинигардидаи дурнамои ҷамъоварии пахта бо истифода аз тухмиҳои баландҳосил соли ҷорӣ дар майдони 49679 гектар пунбадона кишт карда шуд. То ин давра майдони кишти картошка ба 25459,0 гектар расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба кишти воқеии соли 2020-ум 2107,2 гектар зиёд мебошад. Кишти асосии сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 17679,7 гектар гузаронида шуд. Аз ин масоҳат майдони кишти пиёз 4937,9 гектарро дарбар мегирад. Полезиҳо дар майдони 5622,1 гектар кишт карда шуд.
Дар соли 2021 кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати 27962 гектар, аз ҷумла дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ дар масоҳати 18450 гектар пешбинӣ шуда, дар ин давра масоҳати умумии кишти такрорӣ 32419 гектар, аз ҷумла дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 19355 гектарро ташкил намудааст. Афзоиши масоҳати кишт нисбат ба дурнамо 4457 гектар, аз ҷумла дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 905 гектарро ташкил намудааст. Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо якҷоя бо ҷуворимакка барои дон 319679,5 тонна, аз ҷумла гандум 136214,5 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 512072,5 тонна картошка, 552194,2 тонна сабзавот, аз ҷумла 164632,0 тонна пиёз, 91777,2 тонна мевагӣ, аз ҷумла 37506,0 тонна зардолу ва 32620,4 тонна себ, 54406,1 тонна ангур, 148050,6 тонна полезӣ истеҳсол шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 истеҳсоли картошка 3,4 тонна, сабзавот 1595,5 тонна, себ 4530,2 тонна ва ангур 3956,9 тонна афзудааст.
Дар вилоят нисбат ба рушди соҳаи пахтакорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар 11 моҳи соли 2021 ҷамъоварии пахта бо вазни кондитсионӣ 112738,3 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст, ки баробари 101,4 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 56784,5 тонна, гӯшти моҳӣ 518,8, шир 246010,5, тухм 572,7 миллион дона, пашм 1578,0 тонна, пилла 163,0 ва асал 1449,3 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 115,3 фоиз, шир 101,5, тухм 105,2, пашм 102,0, пилла 114,1 ва асал 101,3 фоиз таъмин гардидааст.
Бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маҳсулоти аввалиндараҷа ва сабзавоти тару тоза дар мавсими тирамоҳу зимистон ба фаъолияти сардхонаю гармхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар миқёси вилоят 36 сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1000 тонна фаъолият дошта, иқтидори умумиашон 8680 тонна мебошад. Айни ҳол, мавсими захираи маҳсулот оғоз гардида, 1469,4 тонна маҳсулот, аз ҷумла 613,5 тонна себ, 742,0 тонна ангур, 30 тонна хурмо, 30 тонна биҳӣ, 5 тонна анор ва 48,9 тонна дигар намуди маҳсулот захира шудааст. Илова бар ин, дар анбору таҳхонаҳои вилоят новобаста аз шакли хоҷагидорӣ ба миқдори 46612 тонна ғалладонагиҳо, аз ҷумла 4730 тонна шолӣ ва 41882 тонна гандум, 188324 тонна картошка, 53611 тонна сабзавот, аз ҷумла 37790 тонна пиёз, 12530 тонна сабзӣ ва 3291 тонна дигар намуди сабзавот, 4395 тонна мевагиҳо, аз ҷумла 4031 тонна себ, 95 тонна нок, 269 тонна дигар мевагиҳо ва 806 тонна ангур захира гардидааст.
Ҳамзамон, ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ карда шуда, дар ин давра дар бахши корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 473 гармхонаи мавҷуда фаъолияти 464 гармхона ба роҳ монда шуд, ки аз он 289 гармхонаи навъи хитоӣ ва 4 гармхона навъи инноватсионӣ мебошанд. Аз ин миқдор дар 278 гармхона парвариши сабзавот ва дар 186 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят ба 22,68 гектар расонида шуд, ки аз он 8,38 гектар помидор, 8,66 гектар бодиринг ва 5,64 гектар дигар зироатҳо мебошад. Илова бар ин, майдони дарахтони лимӯ ба 10,56 гектар ва кӯчати гулҳо ба 4,12 гектар расонида шуд. То ин давра аз гармхонаҳои вилоят 27 тонна помидор, 96,1 тонна бодиринг, 34,2 тонна дигар маҳсулот, дар маҷмуъ 157,3 тонна сабзавоти тару тоза ба бозори истеъмолӣ пешниҳод гардида, аз дарахтони лимӯ 41,6 тонна ҳосили хушсифат ҷамъоварӣ шуд.
Дар соли 2021 тибқи дурнамо бунёди 170 гектар боғ ва 18 гектар токзор пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1-уми декабри соли 2021 дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 774 гектар боғ ва 26 гектар токзори нав бунёд шудааст, ки нисбат ба нишондоди пешбинишуда мутаносибан 4,6 ва 1,4 баробар зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар доираи барномаи мазкур барқароркунии 700 гектар боғ ва 72 гектар токзор назардошт шуда, амалан дар масоҳати 1280 гектар боғ ва 72 гектар токзор барқарор карда шуд, ки мутаносибан 182,9 ва 100 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.
Дар доираи таҷлили Иди Сада дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди 31 гектар боғи интенсивӣ аз ҷониби Сарвари давлат оғоз бахшида шуд. Дар маҷмуъ, то ин давра 84,9 гектар, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 33 гектар, Конибодом 3, Ашт 7,5, Айнӣ 2,4 ва Бобоҷон Ғафуров 39 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидааст. Боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир бунёд гардида, асосан ба воситаи таҷҳизоти каммасрафи қатрагӣ обёрӣ мешаванд.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 66 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмуъ, ба миқдори 6581,2 тонна маҳсулот, аз ҷумла 988,2 тонна орд, 206,2 тонна равғани растанӣ, 163,9 тонна гӯшти чорвою паранда, 25,2 тонна моҳӣ, 245,5 тонна шакар, 150,5 тонна биринҷ, 77,8 тонна намак, 1571,6 ҳазор дона тухм, 1601,4 тонна картошка, 717,2 тонна сабзӣ, 1167,2 тонна пиёз, 428 тонна сабзавоти гуногун, 240,2 тонна полезӣ, 289,8 тонна меваҷот ва 280,1 тонна дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуданд.
Баробари афзудани теъдоди хоҷагиҳои инфиродӣ масъалаҳои таъминот бо техникаи кишоварзӣ, оби полезӣ ва ҳифзи бехатарии зироатҳо аҳамияти аввалиндараҷа пайдо менамоянд. Бо мақсади омӯзонидани риояи қоидаҳои агротехникӣ ва таъмини амнияти зироатҳои кишоварзӣ аз таъсири ҳашароти зараррасон ва ҳар гуна касалиҳо ба масъалаи таъсиси марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, то ин давра
шумораи ин марказҳо ба 1043 адад расонида шуд. Аз ҷумла, 535 маркази хизматрасонии техникӣ бо 7667 техникаи кишоварзӣ, 13 маркази хизматрасонии техникии КВДҶ “Тоҷикагролизинг”, 107 нуқтаи маслиҳатдиҳӣ, 107 мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, 81 мағозаи фурӯши тухмӣ, 47 нуқтаи фурӯши ниҳолҳо, 74 мағозаи фурӯши нуриҳои минералӣ ва 79 мағозаи фурӯши заҳрхимикатҳо ба кишоварзони вилоят хизмат расонида истодаанд.
Дар самти ислоҳоти соҳаи обрасонӣ тадбирҳо андешида шуда, дар вилоят 175 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мебаранд, ки дар танзими системаи обрасонӣ ва таъминоти бонизоми заминҳои кишоварзӣ бо об нақши муҳим доранд. Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади роҳандозӣ намудани таъминоти мунтазами оби полезӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ки омили муҳими баланд бардоштани боздеҳи замин арзёбӣ мешавад, тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби буҷети вилоят барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 5411 гектар замин дар соли 2021 ба миқдори 5033,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо сарфи 4123,4 ҳазор сомонӣ ҳолати мелиоративии 4900,0 гектар замин беҳтар карда шуд.
Дар 11 моҳи соли равон аз ҷониби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба истифодабарандагон ба миқдори 1483,9 миллион метри мукааб ба маблағи 22969,6 ҳазор сомонӣ об расонида шуда, ба ҳолати 1-уми декабри соли 2021 пардохт ба маблағи 22089,6 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади роҳандозӣ намудани таъминоти мунтазами оби полезӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ки омили муҳими баланд бардоштани боздеҳи замин мебошад, тадбирҳо андешида, аз ҳисоби буҷети вилоят барои таъмин намудани фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ 2140,0 ҳазор сомонӣ ва 20 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шуд. Аз ҷумла, ба шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 1060,0 ҳазор сомонӣ ва 10,0 тонна сӯзишворӣ, Ашт 780,0 ҳазор сомонӣ ва 10,0 тонна сӯзишворӣ ва Мастчоҳ 300,0 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шуд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калони шохдор 674286 сар, аз ҷумла модагов 370670 сар, гўсфанду буз 1598840 сар, паранда 5520963 сар ва асп 8584 сарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ саршумори чорвои калони шохдор 7013 сар, аз ҷумла модагов 11429 сар, гўсфанду буз 22508 сар, паранда 832117 сар ва саршумори асп 114 сар зиёд шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ маҳсулнокии чорво, аз ҷумла ширҷўшӣ аз 1 сар модагов ба ҳисоби миёна 1624 килограммиро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба соли гузашта аз ҳар сар модагов 127 килограммӣ зиёд шудааст. Наслгирӣ аз 100 сар модагов 61 сарӣ ва аз 100 сар гўсфанду буз 92 сариро дарбар гирифта, нисбат ба сатҳи соли пешин мутаносибан 2 сарӣ зиёд шудааст.
Вазъи соҳаҳои саноат ва энергетика
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят таъмин шудааст.
Ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, давоми 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 18887,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3126,8 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 132,6 фоизро ташкил медиҳад. Баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 ба миқдори 1278,4 ҳазор тонна семент ва 1538,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 108,3 ва 92,7 фоизро ташкил намудааст. Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 126,7 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 109,8 фоиз таъмин гардида, дар маҷмуъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 4254,7 тонна калоба ва 6910,3 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 11 моҳи соли 2021 ба миқдори 4160 тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1319,9 тонна ё 46,5 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли орд 453,5 ҳазор тонна ва равғани растанӣ 3789,7 тоннаро ташкил намудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ аз қабили қубурҳои пластикӣ ба миқдори 1208,1 ҳазор метр ё бо суръати афзоиши 117,7 фоиз, рехтаи пӯлодӣ 5479,1 тонна ё 117,6 фоиз, маҳсулоти кабелӣ 672,1 тонна ё 147,5 фоиз, профилҳои алюминӣ барои дару тирезаҳо 5453,2 тонна ё 160,3 фоиз, профилҳои металлӣ 22880,2 тонна, профилҳои пластикӣ 1493,0 тонна ё 108,9 фоиз, маҳсулоти пластмассагӣ 57,9 миллион дона ё 7,4 баробар, бомпӯши оҳанин 101,9 ҳазор метри тӯлонӣ ё 129,5 фоиз ва шишаи сохтмонӣ 38,0 ҳазор метри мураббаъ таъмин шудааст.
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 11 моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 121 корхонаву коргоҳи нав бо 3030 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Ба ҳолати 1-уми декабри соли 2021 тибқи омори расмӣ шумораи корхонаҳои саноатии вилоят ба 692 адад расидааст. Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои дўзандагии либоси миллию мактабӣ ва пойафзолдӯзӣ тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Дар соли 2021 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома дода шуда, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 17 коргоҳи нави дўзандагӣ бо 222 ҷойи нави корӣ ва 2 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 20 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ давоми 11 моҳи соли равон дар корхонаву коргоҳҳои дўзандагии вилоят ба маблағи умумии 231,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш 110,6 фоизро ташкил намудааст. Барои дар соли таҳсили 2021-2022 бо сарулибоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дўхтани либоси мактабӣ тақвият дода шуда, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 870462 адад либоси мактабӣ дўхта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,7 баробар зиёд мебошад. Дар вилоят фаъолияти 8 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 326 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 165,4 ҳазор ҷуфт ё 2 баробар зиёд аст.
Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бештар ва то маҳсулоти ниҳоӣ аз коркард гузаронидани нахи пахта дар дохили кишвар аз тарафи корхонаҳои саноатии вилоят ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди сиклҳои нави истеҳсолот корбарӣ идома дорад.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 фаъолияти 43 корхонаи пахтатозакунӣ ба роҳ монда шуда, ин корхонаҳо ба миқдори 33392,2 тонна нахи пахта ва 45497,2 тонна чигит истеҳсол
намудаанд. Дар вилояти Суғд 8 корхонаи коркарди нахи пахта, аз ҷумла, ҶДММ “Ангубин” (ҶСП «Олим текстайл»), ҶДММ «Спитамен текстайл», ҶДММ «Нику Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶСП «Сатн», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Органик Ян» ва ҶСП «Сомон гурӯҳ» бо иқтидори солонаи коркарди 38,5 ҳазор тонна нахи пахта мавҷуд мебошанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки фаъолияти ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» ва ҶСП «Сатн» силсилаи пурраи коркарди нахи пахтаро дарбар мегирад.
Ҳамзамон, баҳри иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми феврали соли 2020, №64 бобати сохтмони корхонаҳои коркарди маъдану консентрат корҳо идома дошта, дар ноҳияи Айнӣ бунёди 2 корхонаи азим бо иқтидори солонаи коркарди 250 ҳазор тонна маъдан амалӣ гардида истодааст. Вобаста ба таъмини бонизоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо қувваи барқ масъалаи пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 дар вилоят 4016,9 миллион кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 1052,1 миллион сомонӣ истифода шуда, пардохти маблағи он 984,5 миллион сомонӣ таъмин гардидааст, ки 93,6 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 328,7 миллион сомонӣ барқ истифода шуда, пардохт 326,7 миллион сомонӣ ё 99,4 фоиз таъмин гардидааст.
Бо амалигардонии “Лоиҳаи кам кардани талафоти нерўи барқ” ҷамъоварии маблағи қувваи барқи истифодашуда дар шаҳри Хуҷанд тавассути системаи биллингӣ пурра ба роҳ монда шудааст. Таҳлили натиҷаҳои корҳои баанҷомрасида аз он шаҳодат медиҳад, ки талафоти нерўи барқ дар шаҳри Хуҷанд кам шуда, лоиҳаи мазкур ба ҳадафҳои худ расида истодааст. Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби муштариёни шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд 560,1 миллион кВт/соат нерўи барқ ба маблағи 187,2 миллион сомонӣ истифода шуда, 193,3 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки 103,2 фоизро дарбар мегирад. Аз ҷониби аҳолӣ бошад, ба маблағи 77,9 миллион сомонӣ нерўи барқ истифода шуда, 82,3 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки 105,6 фоизро ташкил медиҳад.
Вазъи соҳаҳои сохтмон ва меъморӣ
Дар 11 моҳи соли 2021 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 672,9 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд. Корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 1260,5 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки 131,6 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳад. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар 11 моҳи соли равон ба маблағи 1472,6 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 132,3 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 405,3 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 12,7 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Илова бар ин, барои 1820 ҷойи нишасти талаба дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, 540 ҷой дар кӯдакистон, 172 кат дар шифохона ва барои 10 қабул дар як баст дар дармонгоҳ иқтидорҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд. Дар 11 моҳи соли 2021 ҷиҳати таҳкими корҳои ободониву созандагӣ аз тарафи Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилении соҳибкори инфиродӣ Муқаддас Қодирова бо 50 ҷойи корӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 барои 640 хонанда дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов, Маркази хизматрасонии тиббии шаҳрванд Инъомҷон Тоҷибоев барои 80 кат ва 40 ҷойи корӣ, Маркази савдо ва тарабхонаи “Файзулло” бо 30 ҷойи корӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Маркази дастгирии оила ва кӯдак бо 38 ҷойи нави корӣ, кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” барои 200 нафар кӯдак бо 30 ҷойи нави корӣ ва меҳмонхонаи 5 ошёна бо маркази хизматрасонӣ бо 12 ҷойи нави корӣ, бунёди токзори навъи кишмиш дар Хоҷагии деҳқонии “Шукрулло” ва хатти обрасонӣ барои обёрии 20 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонии “Мазбут”, “Маъмур С”, “Ситодел” ва “Турсунбой-бобо”-и деҳаи Ҷарқӯрғони Ҷамоати деҳоти Зарҳалол, коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи ҶДММ “Адл” бо 100 ҷойи нави корӣ дар деҳоти Ҷарқӯрғони Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, хатти оби нӯшокии “Чорқишлоқ–Шӯроб” барои таъминоти 15 ҳазор нафар сокинон ва ба истифода супоридани 20 манзили истиқоматӣ баъди таъмиру таҷдид ба хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оилаҳои эҳтиёҷманд дар шаҳраки Шӯроб, бинои маъмурӣ ва хобгоҳ барои 200 корманди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои маъмурӣ ва хобгоҳ барои 200 корманди шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази хизматрасонӣ бо майдончаҳои варзишии кушод ва болопӯшида, ҳавзи шиноварӣ ва маркази фароғатӣ бо атраксионҳо аз тарафи соҳибкор Сорбон Савриддинов бо 20 ҷойи корӣ, хатти оби нӯшокӣ барои таъминоти 9 ҳазор нафар сокини маҳаллаҳои Тоҷикон ва Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Ворух, бунёди боғи суперинтенсивии дарахтони меваи тухмдори АХД “Ворух”, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази хизматрасонӣ бо 20 ҷойи корӣ, Қасри фарҳанг, хонаи ақди никоҳ, маҳфилҳои ҳунармандӣ, мусиқӣ ва китобхона, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 720 хонанда дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, 2 гармхонаи замонавӣ ва Маркази фурӯши гулҳо дар муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд бо 60 ҷойи корӣ, тарабхонаи “Яккасарой” аз ҷониби соҳибкор Дилбар Турсунова бо 20 ҷойи корӣ, Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” бо 50 ҷойи корӣ ва бинои боғчаи бачагонаи №35 барои 420 кӯдак бо 60 ҷойи корӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфтанд.
Дар моҳи июли соли 2021, зимни сафари навбатии корӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти ҳаётан муҳимро мавриди истифода қарор доданд. Аз ҷумла, фермаи мурғпарварӣ барои истеҳсоли 2000 тонна гўшти мурғ дар як сол, бо 20 ҷойи корӣ дар ҶДММ «Суғдсаноатпаранда», дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон, бинои кўдакистони хусусии замонавии “Меҳросо”-и соҳибкор Тоҳир Олимӣ барои 200 кўдак, бо 25 ҷойи корӣ дар маҳаллаи Бофандаи шаҳр, дармонгоҳи дандонпизишкии бачагонаи вилоятӣ бо 60 ҷойи корӣ дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, корхонаи духобабарории ҶДММ “Тексилимпекс” бо 40 ҷойи корӣ, воқеъ дар маҳаллаи масҷиди Саври шаҳри Хуҷанд, фермаи парандапарварии ҶДММ “Парандапарварии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” барои парвариши 400 ҳазор сар паранда барои истеҳсоли тухм бо 50 ҷойи корӣ, воқеъ дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Варзишгоҳи марказӣ барои 6 ҳазор ҷойи нишаст дар мавзеи Дашти Варзи деҳоти Айнӣ, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Айнӣ, коргоҳи дўзандагӣ ва ҳунармандии соҳибкори инфиродӣ Гулчеҳра Ҳасанова бо 50 ҷойи корӣ дар деҳоти Айнӣ, фермаи моли калони шохдори соҳибкор Музаффар Қозиев барои парвариши 200 сар чорво бо 40 ҷойи нави корӣ воқеъ дар деҳоти Айнӣ, фермаи парандапарварии “Мурғи Султон”-и соҳибкор Шарофқул Ҳасанов барои парвариши 20 ҳазор сар паранда барои истеҳсоли тухм бо 20 ҷойи корӣ, воқеъ дар деҳаи Хушекат, бинои мактаби замонавӣ барои 1240 хонанда дар ду баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, воқеъ дар деҳаи Зерободи деҳоти Дар - Дар, бинои бунгоҳи тиббӣ ва шуъбаи таваллуд барои 4 кат дар деҳаи Анзоб, бинои мактаб-интернат ва хобгоҳи замонавӣ барои 300 хонанда (сехи дўзандагӣ барои 20 нафар) дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-юм пас аз таъмири асосӣ дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ, хатти оби нўшокӣ дар асоси лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳалаи 2”-и системаи обтаъминкунии ноҳияи Шаҳристон барои таъминоти 10 ҳазор нафар сокини маркази маъмурии ноҳия, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия, бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ум барои 1240 хонанда дар ду баст дар деҳаи Ободии деҳоти Шаҳристон, фермаи мурғпарварӣ барои парвариши 110 ҳазор сар паранда барои истеҳсоли 2000 тонна гўшти мурғ дар як сол бо 30 ҷойи корӣ дар ҶДММ «Мурғи Шаҳристон» дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон, маркази хизматрасонии замонавии соҳибкор Мақсуд Раҳмонов дар шаҳраки Навкат, фермаи парандапарварии ҶДММ “Файзи саҳар” барои парвариши 300 ҳазор сар паранда ва 40 ҳазор чўҷа барои истеҳсоли тухм бо 30 ҷойи корӣ, воқеъ дар деҳаи Куруши ноҳияи Спитамен, ҳавзи моҳипарварии ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» барои парвариши моҳии навъи “Гулмоҳӣ” барои истеҳсоли 200 тонна моҳӣ дар як сол бо 15 ҷойи корӣ дар мавзеи Рухаки деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолият оғоз намуданд.
Моҳи октябри соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат якчанд иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор дода шуд. Корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии ҶДММ “Ганҷофар”-и соҳибкори инфиродӣ Зариф Самадов бо 25 ҷойи нави корӣ, муассисаи таълимии хусусии “Ворисони илм”-и соҳибкори инфиродӣ Фирўза Рауфова барои 300 нафар хонанда бо 30 ҷойи нави корӣ дар шаҳри Бўстон, Маркази саломатии «Зарзамин», шуъбаи таваллуд барои 5 кат ва ҳуҷраи хатна бо 30 ҷойи нави корӣ, бинои кўдакистон барои 180 кўдак бо 20 ҷойи нави корӣ дар Ҷамоати деҳоти Зарзамин, бинои кўдакистони хусусии соҳибкори инфиродӣ Гуландом Носирова барои 120 кўдак бо 15 ҷойи нави корӣ, Маркази савдо ва ҳаммом бо 27 ҷойи нави корӣ, мактаби хусусии «Дурахшандагон» барои 780 нафар хонанда бо 54 ҷойи нави корӣ, Маркази ҳунармандӣ (коргоҳи дўзандагӣ ва атласу адрасбофӣ) бо 40 ҷойи нави корӣ, кўдакистони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои 160 кўдак бо 25 ҷойи нави корӣ дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Спитамен», бо 50 ҷойи нави корӣ, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдор (сачоқ ва халат) дар заминаи ҶДММ «25-солагии Истиқлолият»-и соҳибкор Даврон Ахмедов бо 300 ҷойи нави корӣ дар ноҳияи Спитамен, муассисаи таълимии ғайридавлатии “Пўлодов” бо 30 ҷойи нави корӣ барои 600 нафар хонанда, бинои маъмурии 7-ошёнаи прокуратураи вилояти Суғд, муассисаи таълимии хусусии “Оксфорд”-и соҳибкор Саидмурод Давлатов бо 40 ҷойи нави корӣ барои 500 нафар хонанда, тарабхонаи брендии “Форел”-и соҳибкори инфиродӣ Мўҳсин Шодиев бо 20 ҷойи нави корӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи иншооти зимни ин сафари корӣ ифтитоҳёфта мебошанд. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва таҷдиду азнавбар-қароркунии 7577 иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои вилоят, ки бо қарори Раиси вилоят тасдиқ шудаааст, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва аз нав барқарор кардани фаъолияти 291 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, 444 маркази савдо, 609 маркази хизматрасонӣ, 48 меҳмонхона, сохтмон, таъмиру тармими бинои 370 муассисаи таҳсилоти миёна ва 106 кўдакистон, 75 беморхона, 120 бунгоҳи тиббӣ, 85 маркази саломатӣ, 20 таваллудхона, 9, нуқтаи хатна ва 110 дорухона, сохтмон ва азнавбарқароркунии 263 варзишгоҳ ва майдончаи варзишӣ, 116 толори варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, 94 майдонча барои бозии кӯдакон, ташкил ва сохтмони 219 сартарошхона, 147 кошонаи ҳусн, 109 ҳаммом, азнавсозӣ, сохтмон ва таъмиру тармими 57 клубу қасри фарҳанг, 27 боғи фарҳангию фароғатӣ, 36 гулгашт ва 56 китобхона, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳо, сохтмони пулу истгоҳҳо ва 4082 иншооти дигари таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Дар солҳои 2018 - 2020 ва 11 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 8094 иншоот ба итмом расонида шуда, иҷрои нақша 106,8 фоиз таъмин шудааст.
Вазъи соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия
Дар 11 моҳи соли 2021 тавассути маҷмўи нақлиёт 27,3 миллион тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 193,3 миллион мусофир кашонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 112,3 ва 106,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор тавассути нақлиёти автомобилӣ 24,2 миллион тонна бор ва 193,2 миллион мусофир кашонида шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи бору мусофиркашонии вилоят мутаносибан ба 88,6 ва 99,9 фоиз расонида шуд. Тавассути роҳи оҳан 3,1 миллион тонна бор ва 10,0 ҳазор мусофир, бо нақлиёти ҳавоӣ 100,0 ҳазор мусофир кашонида шудааст.
Дар вилоят 50 муассисаи нақлиётӣ фаъолият дорад, ки аз он шакли моликияти 49 муассиса хусусӣ ва як муассиса ҷамъиятӣ мебошад. Шумораи умумии нақлиёт 8477 ададро ташкил намуда, аз он 4651 адад нақлиёти мусофиркашон, аз ҷумла 1193 адад сабукрави таксӣ ва 3826 адад нақлиёти боркашон мебошад. Дарозии умумии роҳҳои вилоят 8179,9 километр буда, аз он 737,0 километр роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 358,9 километр ҷумҳуриявӣ, 2343,5 километр маҳаллӣ, 594,5 километр роҳҳои тобеи хоҷагии манзилию рифоҳӣ ва 4021,0 километр роҳҳои байнихоҷагӣ мебошад. Дар соли 2021 таъмиру тармими 2099 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 187,8 километр таъмири асосӣ, 912,6 километр таъмири ҷорӣ ва 998,6 километр шағалпўш мебошад.
Барои иҷрои нақшаи пешбинишуда аз ҳамаи сарчашмаҳо 124952,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети Вазорати нақлиёт 2391,1 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоят 68986,0 ҳазор сомонӣ, буҷети шаҳру ноҳияҳо 20436,0 ҳазор сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо 2714,0 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 12757,6 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 17668,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 10-уми декабри соли ҷорӣ нақшаи таъмиру тармими роҳҳо ҳамагӣ 108,5 фоиз иҷро гардида, 2182,5 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 264,1 километр таъмири асосӣ, 968,1 километр таъмири ҷорӣ ва 1046,2 километр шағалпўш мебошад.
Барои корҳои иҷрошуда, дар маҷмуъ, 121620,5 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят 47294,4 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 44,4 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 3278,8 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 15972,9 ҳазор сомонӣ, ташкилоту идораҳо 5532,7 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 24926,4 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 24615,3 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо маблағгузорӣ шудааст.
Дар қаламрави вилоят 1 телевизиони давлатӣ, 1 радиои давлатӣ, 16 шабакаи телевизион ва 14 шабакаи радиои хусусӣ фаъолият доранд. Пахши барномаҳои телевизиони вилоят 18 соат ва радио 16 соат ба роҳ монда шудааст. Фарогирии пахши барномаҳои телевизиони “Тоҷикистон” 99,83 фоиз, “Сафина” - 93,78, “Баҳористон” – 87,44, “Ҷаҳоннамо” – 83,79, “ТВ Суғд” – 72,17, барномаҳои радиои “1 ҶТ” – 86,47, “2 ҶТ” – 45,75, “3 ҶТ” –73,97, “Фарҳанг” – 43,81 ва “Суғд” 37,63 фоизро дарбар мегирад. Ҳамзамон, 50 рўзнома ва 6 маҷалла дар вилоят ба нашр мерасад, ки аз ҷумлаи он 21 рўзнома ва 1 маҷалла давлатӣ мебошад.
Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул
Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст.
Даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнат бозгўйи сатҳи некўаҳволии аҳолӣ мебошад. Музди миёнаи маош дар моҳҳои январ-октябри соли 2021 мувофиқи вилоят 1392,41 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 170,25 сомонӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон 2390,31 сомонӣ, Панҷакент 2068,03, Айнӣ 1809,10, Хуҷанд 1649,28, Истиқлол 1239,31, Истаравшан 1235,51, Бўстон 1201,56 ва Исфара 1088,88 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаи саноат маҳсуб меёбад.
Давоми 11 моҳи соли 2021 ба раёсат, шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 39116 шаҳрванд муроҷиат кард, ки 19142 нафар зан мебошанд. Аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 26206 нафар ҳамчун корҷўй дар сохторҳои мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуданд. Мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2021 дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 18900 нафар шаҳрванди корҷўй ва бекор ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 25-уми ноябри соли 2021 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба 18798 нафар барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод 99,5 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Ҳамасола бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷўи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандкардашуда, яъне квота муқаррар мегардад. Тибқи нақшаи соли ҷорӣ миқдори квотаҳо 1800 ҷойро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ 1574 нафар шаҳрванд тавассути квота бо кор таъмин гардиданд, ки 87,4 фоизи нақшаи барномавиро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷўён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 257 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Тавассути ин ярмаркаҳо 1925 нафар корҷў ва бекорон ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 1703 нафар ба касбомўзӣ ва 452 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Дар маҷмӯъ, ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 4080 нафар шаҳрванди бекор ба шуғл ҷалб шуданд. Ҳамагӣ дар мақомоти шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят 8135 нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 4479 нафар ё 55,1 фоиз зан ва 4945 нафар ё 60,8 фоиз ҷавонони синни 15-29-сола мебошанд.
Дар 11 моҳи соли 2021-ум 50159 нафар шаҳрванд аз хориҷа ба Ватан баргаштанд, ки аз онҳо 14660 нафар зан мебошанд. Шумораи муҳоҷирони ба Ватан баргашта 44217 нафар, аз ҷумла занҳо 13161 нафарро дарбар мегирад. Дар ин давра шумораи шаҳрвандони ба хориҷа сафаркарда 159647 нафар, аз ҷумла занон 34768 нафар ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 144671 нафар, аз ҷумла 32031 нафар зан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Вазъи соҳаҳои илм ва маориф
Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Дар оғози соли таҳсили 2021-2022 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 278 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 207 муассисаи тобеи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 14 муассисаи тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 57 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият дошта, 42239 кўдакро ба тарбия фаро гирифтаанд. Марказҳои инкишофи кўдакони синни томактабӣ дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят ташкил ёфтаанд. Ин марказҳо аз 661 гурўҳ иборат буда, дар онҳо 13531 кўдак таълиму тарбия мегирад. Фарогирии кўдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ якҷоя бо Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ 20,7 фоизро ташкил медиҳад.
Соли таҳсили 2021-2022 дар вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 831 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб-кўдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 579504 нафар, аз ҷумла 283544 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 шумораи муассисаҳо 6 адад ва хонандагон 14273 нафар зиёд мебошад.
Шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумии бинояшон садамавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 46 адад муайян гардида, давоми 11 моҳи соли равон 12 муассиса, аз ҷумла МТМУ №29-и ноҳияи Айнӣ, МТМУ №№ 6 ва 53-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, МТМУ №19-и ноҳияи Мастчоҳ, МТМУ №12-и ноҳияи Спитамен, МТМУ №№17, 18 ва 23-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, МТМУ №23-и шаҳри Исфара, МТМУ №38-и шаҳри Конибодом, МТМУ №18-и шаҳри Панҷакент ва МТМУ №19-и ноҳияи Шаҳристон барқарор карда шуданд. Барқарорсозии бинои 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад. Аз 228 бинои муассисаҳои таъмирталаб 222 адад аз таъмир бароварда шуда, дар 3 муассиса корҳо идома доранд. Дар 11 моҳи соли 2021 дар назди 39 муассисаи таълимии вилоят 330 синфхонаи иловагӣ бо 9070 ҷойи нишаст, 4 толор ва 2 майдончаи варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд.
Инчунин, бинои 15 муассисаи таълимии нав бо 5990 ҷойи нишаст дар як баст ва 8 муассисаи томактабӣ бо 1660 ҷойи нишаст, сохта ба истифода дода шуд. Илова бар ин, бинои 2 муассисаи таҳсилоти миёна бо 1060 ҷойи нишаст дар ноҳияи Ашт ва мактаби байналмилалии “Контакт интернешнл” бо 800 ҷойи нишаст дар шаҳри Исфара, бинои 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла дар шаҳри Исфара 1 муассиса бо 120 ҷой ва дар ноҳияи Ашт 1 муассиса бо 80 ҷой барои ифтитоҳ омода мебошанд.
Шумораи омўзгорони вилоят 39523 нафар, аз ҷумла занон 26516 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 33740 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1383 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 4400 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Шумораи омўзгорони дорои маълумоти олӣ сол аз сол афзуда, дар оғози соли нави хониш ба 85,4 фоизи шумораи умумии омўзгорон расонида шудааст. Дар соли хониши 2021 - 2022 эҳтиёҷ ба кадрҳои омўзгорӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят 708 нафар муайян шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1100 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки аз ҳисоби буҷет таҳсил намудаанд, роҳхат дода шуда, 845 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ҳозир шуданд. Илова бар ин, 635 нафар омӯзгори ҷавон аз ҳисоби муҳассилини гурӯҳҳои ғоибона ва шартномавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ба кор ҷалб шуданд.
Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар соли 2021 таъмин намудани муассисаҳои таълимии вилоят бо 695 кабинети фаннӣ, аз ҷумла озмоишгоҳ аз фанни физика 18 адад, кабинети фанни физика 63, химия 87, биология 90, география 129, математика 131, технологияи информатсионӣ 76, суруд ва мусиқӣ 119 адад пешбинӣ шуда, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 245 кабинет ва озмоишгоҳи фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки баробари 35,3 фоизи нақшаи солона мебошад. Аз ҷумла, озмоишгоҳ аз фанни физика 10 адад, кабинети фанҳои физика 42, химия 43, биология 49, география 27, математика 35, технологияҳои информатсионӣ 22 ва суруду мусиқӣ 27 адад омода гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат намуда истодаанд.
Дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд барои солҳои хониши 2018-2022” соли 2021 ба муассисаҳои таълимӣ дастрас намудани 2892 компютер ва 211 тахтаи электронӣ ба нақша гирифта, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 922 компютер ва 118 тахтаи электронӣ дастрас шудаанд, ки мутаносибан баробари 31,9 ва 55,9 фоизи нақшаи солона мебошад. Алҳол, дар 1133 синфхонаи компютерӣ 20194 компютер ва 2928 принтер мавҷуд буда, 748 тахтаи электронӣ ва 1074 проектор мавриди истифода қарор доранд.
Бо мақсади татбиқи босифату ҳамаҷонибаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020, №47 оид ба тадбирҳои амалигардонии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, рафти амалишавии он дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят 4412 нафар омӯзгорони фанни забони давлатӣ фаъолият дошта, нисбат ба соли таҳсили 2020-2021
шумораи омӯзгорон 171 нафар зиёд шудааст. Аз онҳо 3690 нафар бо таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 190 нафар бо таҳсилоти олӣ, 196 нафар бо таҳсилоти олии нопурра, 54 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус ва 282 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ ба таълиму тарбия машғуланд. Дар давраи ҳисоботӣ баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019, №438 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати тақвияту густариши омўзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Дар соли таҳсили 2021-2022 дар 944 муассисаи таълимии вилоят 3280 нафар омўзгори фанни забони русӣ, аз ҷумла 2907 нафар дорои таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 164 нафар таҳсилоти олии нопурра ва 209 нафар таҳсилоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ мебошанд. Аз 2814 нафар омўзгори фанни забони англисӣ 2409 нафар бо таҳсилоти олӣ, 96 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 309 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ фаъолият доранд. Дар соли хониши 2020-2021 хонандагони вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннию даставӣ иштирок намуда, сазовори 473 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 53 ҷойи якум, 144 ҷойи дуюм ва 276 ҷойи сеюм дониста шуданд. Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони синфи 11 ба гирифтани 129 ҷойи ифтихорӣ, хонандагони синфҳои 7-8 ба 108 ҷойи ифтихорӣ ва хонандагони синфҳои 5-6 ба гирифтани 88 ҷойи ифтихорӣ сазовор гаштанд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ хонандагони вилоят соҳиби 132 ҷойи ифтихорӣ ва дар олимпиадаи «Spelling Bee» соҳиби 4 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Ҷиҳати баргузор намудани олимпиадаҳо дар соли хониши 2021-2022 корбарӣ ба роҳ монда шуда, бо мақсади дарёфт намудани хонандагони болаёқат, афзун намудани майлу рағбати донишандўзии онҳо, ҷалби толибилмон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ даври якуми олимпиада дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол инҷониб озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида, шуруъ аз соли 2021 бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ озмуни нав таҳти унвони “Илм - фурўғи маърифат” эълон шуд.
Роҳандозии озмунҳои мазкур барои маърифатпарвар шудани намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат намуда, ба китобу китобхонӣ рўй овардани пиру барно боиси боло рафтани маънавиёти ҷомеа, тарғиби ғояҳои худшиносиву ватандўстӣ, ифтихор аз фарҳанги ғании ниёгон ва тақвият ёфтани ифтихори миллии насли наврасу ҷавон мегардад.
Лоиҳаи қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм–фурўғи маърифат” ба тасвиб расида, дар ин замина даври аввали озмун бо иштироки 81219 нафар довталаб дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Аз шумораи зикршуда 68495 нафарро хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 12201 нафарро омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва 523 нафарро мураббиёни таълимгоҳҳои томактабӣ ва мактаб-интернатҳо ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии иштирокдорони даври аввали озмун 8805 нафар, аз ҷумла 7931 нафар хонанда, 802 нафар омўзгор ва 72 нафар мураббӣ ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Дар даври дуюми озмун 218 нафар шахсони касбу кори гуногун, 823 нафар омўзгор, 84 нафар мураббӣ ва 8225 нафар хонанда иштирок намуда, ба даври сеюм 79 нафар шахсони касбу кори гуногун, 115 нафар омўзгор, 13 нафар мураббӣ ва 489 нафар хонанда роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятии озмун 812 нафар, аз ҷумла 535 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 55 нафар донишҷӯён, 7 нафар аспиранту докторантҳо ва 182 нафар омӯзгорону намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, аз рӯи категорияҳои синнусолӣ 42 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо, 29 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 5 нафар аспиранту докторантҳо ва 31 нафар омӯзгорону намояндагони касбу кори гуногун ғолиб дониста шуданд.
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм–фурӯғи маърифат” дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо баргузор шуд. Дар ин озмун 74781 нафар хонанда ва 1181 нафар омӯзгор иштирок намуда, ба даври дуюми озмун 6237 нафар хонанда ва 225 нафар омӯзгор роҳхат гирифтанд. Тибқи мактуби дастурии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм–фурӯғи маърифат” санаҳои 22-24-уми сентябр дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Дар даври вилоятии озмун 599 нафар, аз ҷумла 472 хонанда, 117 нафар донишҷӯ ва 10 нафар омӯзгору намояндаи касбу кори гуногун иштирок намуданд, ки вобаста ба номинатсияҳо аз бахши биология 65 нафар хонанда ва 10 нафар донишҷӯ, аз бахши химия 56 нафар хонанда ва 16 нафар донишҷӯ, аз бахши технологияи иттилоотӣ 94 нафар хонанда ва 29 нафар донишҷӯ, аз бахши география 60 нафар хонанда ва 17 нафар донишҷӯ, аз бахши физика 74 нафар хонанда ва 16 донишҷӯ, аз бахши математика 70 нафар хонанда ва 8 нафар донишҷӯ, аз бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ 53 нафар хонанда, 21 нафар донишҷӯ ва 10 нафар намояндаи касбу кори гуногунро ташкил медиҳанд.
Аз байни онҳо бо ба даст овардани холҳои баланд 79 нафар пирӯз гардида, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, дар бахшҳои физика 10 нафар, химия 12 нафар, биология 11 нафар, математика 10 нафар, география 10 нафар, технологияи иттилоотӣ 10 нафар, ихтироъкорӣ ва навоварӣ 16 нафар ғолиб дониста шуданд. Дар байни шаҳру ноҳияҳо бо ба даст овардани 29 ҷойи ифтихорӣ шаҳри Хуҷанд ҷойи аввал, бо 16 ҷойи ифтихорӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи дуюм ва бо 9 ҷойи ифтихорӣ шаҳри Исфара ҷойи сеюмро касб намуданд.
Байни донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои ҳудуди вилоят Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо 21 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввал, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо 14 ҷойи ифтихорӣ мақоми дуюм ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо 2 ҷойи ифтихорӣ мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Аз рӯи категорияи синнусолӣ 39 нафар ғолибон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо, 34 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 6 нафар омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Даври ниҳоии озмуни “Илм–фурўғи маърифат” санаҳои 17-21-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 74 нафар ғолибони озмуни вилоятӣ, аз ҷумла 37 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 37 нафар омӯзгорону донишҷӯён ва дигар намояндагони касбу кори гуногун аз рӯи бахшҳои биология, география, физика, химия, ихтироъкорӣ ва навоварӣ ширкат варзиданд. Аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯи озмунҳои гуногун 2 нафар сазовори ҷойи якум, 4 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 2 нафар сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд. Аз ҳисоби омӯзгорону донишҷӯён ва дигар намояндагони касбу кори гуногун аз рӯи озмунҳои гуногун 2 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 2 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар вилоят 7 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, аз рӯи 120 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд. Шумораи устодон 3648 нафар буда, аз онҳо 89 нафар профессору доктори илм ва 740 нафар номзади илм мебошанд. Шумораи умумии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2021-2022 дар умум 70984 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 48379 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва 22615 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд. Дар мактабҳои олии вилоят 886 нафар тариқи квота таҳсил намуда истодаанд.
Вазъи соҳаи тандурустӣ
Ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир шуда, баҳри амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ, «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои назаррас ба иҷро расиданд. Дар вилоят 181 муассисаи сохтори госпиталӣ, аз ҷумла 132 муассисаи сохтори госпатилии давлатӣ, 980 муассисаи сохтори КАТС, аз ҷумла 797 муассисаи давлатӣ, инчунин, 139 муассисаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.
Дар соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 503 иншооти соҳа, аз ҷумла 75 беморхона, 120 бунгоҳи саломатӣ, 85 маркази саломатӣ, 20 таваллудхона, 93 нуқтаи хатна ва 110 дорухона ба нақша гирифта шуда, дар солҳои 2018-2020 ва 11 моҳи соли 2021 сохтмон ва таъмиру азнавсозии 503 иншоот ба итмом расонида шуд, ки ба 100 фоизи нақша баробар аст. Ба аҳолии вилоят 5304 табиб ва 18151 корманди миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд. Аз ҷумла, 2787 нафар ё 52,6 фоизи табибон ва 6812 нафар ё 37,6 фоизи кормандони миёна дорои дараҷаи тахассусии касбӣ мебошанд. Аз ҷумла, 3 доктори илми тиб ва 62 номзади илми тиб фаъолият доранд. Дар вилоят нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ ба 19,3 ва бо кормандони миёна ба 65,9 баробар мебошад.
Ҷиҳати пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тибби вилоят як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Бо мақсади пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронаровирус дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП–1365 ва бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID -19) дар вилояти Суғд амри раиси вилоят аз санаи 1-уми апрели соли 2020, № 48 ба тасвиб расида, ситоди вилоятӣ ташкил карда шуд.
Дар вилоят 3 беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо 1030 кат фаъолият дошта, бар илова 1700 кати захиравии карантинӣ омода карда шудааст. Ҳамзамон, 21 муассисаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо 5075 кат дар ҳолатҳои зарурӣ фавран омода карда мешаванд. Дар ин давра шуъбаҳои наҷот ва ҳуҷраҳои муолиҷаи интенсивии муассисаҳои нигаҳдории тандурустии вилоят бо 100 дастгоҳи нафаси сунъӣ, 367 оксигенератор, 59 кардиомонитор, 755 пулсоксиметр таъмин гардида, айни ҳол 225 дастгоҳи нафаси сунъӣ, 547 оксигенератор, 217 кардиомонитор, 965 пулсоксиметр ва 12 дастгоҳи оксигени тиббӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба пешгирии сирояти коронавирус, корҳои безараргардонии маҳалҳо, ҷойҳои оммавӣ, нақлиёту толорҳо, муассисаҳои мактабию томактабӣ, бозорҳо пурзӯр карда шуда, нисбати пешгирии интиқол ва паҳншавии коронавирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимон мебошад. Дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки шумораи бошандагони он дар санаи 1-уми декабри соли 2021-ум 1828 нафарро ташкил медиҳад. Дар вилоят ба санаи 3-юми декабри соли 2021 ҳамагӣ 63089 оила ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шудаанд. Кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пардохт карда мешавад.
Шумораи умумии маъюбон ба санаи 1-уми декабри соли 2021 47456 нафар, аз ҷумла маъюбони гурӯҳҳои 1,2,3 39273 нафар ва кўдакони маъюби то синни 18-сола 8183 нафар мебошад. Шумораи нафақагирон 236039 нафар ба қайд гирифта, нисбат ба 11 моҳи соли қаблӣ 4882 нафар зиёд шудааст. Андозаи нафақаи миёна ба 305,60 сомонӣ баробар шудааст. Бо назардошти хизматҳои бузурги иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокшуда, шахсони дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ меҳнат намуда, инчунин маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил кўмакпулии ҳармоҳа пардохт карда мешавад. Дар 11 моҳи соли 2021 тибқи қарорҳои Раиси вилоят аз 6-уми январи соли 2021, №№ 02, 03, 04 ва 05 пардохти кӯмакпулӣ пешбинӣ гардида, барои давраи моҳҳои январ-июни соли 2021 ба маблағи 1439080 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шуд.
Ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар ҳамаи мактаб-парваришгоҳҳои ҳудуди вилоят, хонаи пиронсолон дастархони идона ороста, туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сарпарастон тақдим гардиданд. Инчунин, оилаҳои камбизоат, беморони барҷомонда, кўдакони маъюбу ятим аёдат карда, аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ ёфтанд.
Вазъи соҳаи фарҳанг
Дар замони муосир таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди ватандўст маҳсуб меёбад.
Дар вилоят 362 китобхона, 133 муассисаи клубӣ, 6 клуби сайёр, 21 қасру кох, 74 хонаи фарҳанг, 1 осорхонаи таърихии вилоятӣ, 15 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар шаҳру ноҳияҳо, 6 хона-осорхона, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 1 амфитеатр, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 2 филармонияи халқӣ, 30 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли шашмақом, 2 гурўҳи ҳаҷвӣ, 6 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 2 ансамбли “Фалак”, 1 ансамбли дойранавозон, 1 ансамбли карнайнавозон, 18 ансамбли рақсӣ, 6 ансамбли эстрадӣ ва 2 студияи сабти овоз фаъолият доранд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз онҳо 13 адад аҳамияти умумибашарӣ, 91 адад аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1086 адад аҳамияти маҳаллӣ доранд. Ин ёдгориҳо муаррификунандаи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардида, барои ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик мусоидат менамоянд. Вобаста ба ин, баҳри таъмини рушди босуботи ин соҳа ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар гардида истодаанд. Зеро фарҳанг ифодагари ҳастии миллат, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида инсоният барои таъмини дўстиву рафоқат ва ваҳдати байни қавму миллатҳо воситаи самараноктареро эҷод накардааст.
Дар муассисаҳои фарҳангии вилоят бахшида ба ҷашнҳои 28 - солагии Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳ, Рўзи Модар, Рӯзи матбуоти тоҷик, Наврўзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳо, вохўриву суҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, намоиши театрикунонида, суҳбат дар атрофи мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, намоиши асарҳои рассомон ва барномаҳои консертӣ гузаронида шуданд.
Бахшида ба Рўзи Модар дар Қасри таърихии Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарияти вилоят ва фаъолзанони шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҳунармандону санъаткорон ва гурўҳҳои рақсӣ чорабинии фарҳангӣ барпо гардид. Ба ин муносибат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо низ чорабиниҳои тантанавӣ гузаронида шуданд. Ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии вилоятӣ дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуда, намоишҳои ҷолиби фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Инчунин, санаи 23-юми июни соли равон дар ин Кохи фарҳанг бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии сиёсию фарҳангӣ бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ доир гардид.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят чорабиниҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуданд. Аз ҷумла, дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд санаи 7-уми сентябр паради ҳарбӣ ва санаи 9-уми сентябр роҳпаймоии идона бо иштироки зиёда аз 20 ҳазор нафар шаҳрвандон гузаронида шуда, санаи 9-уми сентябр дар Қасри Арбоб маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ баргузор гардид. Чунин чорабиниҳо тибқи нақшаи ягонаи тасдиқгардида дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуданд. Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчам низ бо баргузории барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардиданд.
Дар вилоят тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавӣ муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо марҳила ба марҳила таъмиру тармим гардида, бо таҷҳизоти техникӣ, сарулибоси саҳнавӣ, асбобҳои мусиқӣ, мизу курсӣ муҷаҳҳаз шуда истодаанд. Инчунин, ҷиҳати ҳифз ва барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар соли ҷорӣ таваҷҷуҳ ба рушди соҳа бештар гардида, Қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо сарфи 12 миллион сомонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиду азнавсозӣ гардида, бо иштироки Пешвои муаззами миллат ифтитоҳ шуд.
Вазъи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш
Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2798 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 1928 майдончаи варзишӣ, 617 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва 166 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ пешбинӣ ва амалӣ гардида, ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин раванд давоми 11 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ 67 иншооти варзишӣ, аз ин 15 толор ва 1 маҷмааи варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 49 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 15306,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 20286,0 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят фаъолияти 44 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 28 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 3 мактаби варзишӣ дар тобеияти кумитаҳои иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” ба роҳ монда шудааст. Дар мактабҳои варзишӣ 1267 гурӯҳ бо фарогирии 16198 машқварзони наврасу ҷавон аз намудҳои олимпӣ ва 263 гурӯҳ аз намуди миллӣ бо фарогирии 3295 нафар амал намуда, дар маҷмӯъ, 19493 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 2444 нафар бонувон ҳамарўза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.
Аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо, дастаи мунтахаби вилоят дар ҳайати 3820 варзишгар, аз ҷумла 751 нафар бонувон, дар 106 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 800 медали тилло, 695 медали нуқра ва 886 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Ҳамзамон, варзишгарони вилоят дар ҳайати 165 нафар, аз ҷумла 12 бону дар ҳайати дастаи мунтахаб дар 31 мусобиқоти байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзишии вилоят 72 медал, аз ҷумла 15 медали тилло, 22 нуқра ва 35 биринҷӣ оварданд.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон, алалхусус сарбозону аскарон ба варзиш чорабиниҳои мақсадноки тарғиботиву ташвиқотӣ, ба монанди мулоқоту вохӯрӣ, фестивал, озмун, мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки тарбияи ҳарбӣ- ватандўстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2021 қарор гирифта, давоми ёздаҳ моҳи соли равон 1455 чорабинӣ ба монанди мулоқоту вохӯриҳо, фестивалҳо, озмунҳо, мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ доир гардидааст, ки дар онҳо 128113 нафар ҷавонони синни то даъватӣ ва афсарону сарбозон фаро гирифта шуданд.
Дар самти тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сироятӣ миёни наврасону ҷавонон дар 11 моҳи соли 2021 4045 чорабинии омўзишӣ–иттиллоотӣ, маърифатию машваратӣ дар шакли семинар-тренингҳо, семинар-машваратҳо, вохўрию мулоқотҳо, конфронсу мизҳои мудаввар, аксияҳои тарғиботӣ ва чорабиниҳои солимгардонии варзишӣ дар байни наврасону ҷавонон доир гардид. Аз ҷумла, 151 семинар-тренинги омӯзишӣ ва иттилоотӣ, 1240 вохӯриву мулоқот, 338 аксияву ҳамоиш, 84 конфронс ва мизи мудаввар, 55 озмун ва 2515 чорабинии оммавии варзишию солимгардонӣ баргузор ва 12932 маводи иттилоотӣ дастрас карда шуданд.
Дар самти таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон 1060 вохӯрӣ бо фарогирии 83776 нафар наврасону ҷавонон, 76 конференсия бо ҷалби 9363 нафар ҷавонон, 48 семинар-машварти иттилоотӣ бо ҷалби 3460 нафар ва 57 семинар–тренинги омӯзишӣ бо ҷалби 3590 нафар ҷавонон баргузор карда шуд. Дар ҳамин радиф аз ҷониби ҷавонон ва масъулини соҳа садҳо мақола ва вокунишҳо интишор шуда, тавассути сомонаҳо васеъ паҳн карда шуданд. Дар 11 моҳи соли равон дар миқёси вилоят 3924 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла оид ба футбол 1182 мусобиқаю чорабинӣ, волейбол 1146, гӯштини миллӣ 587 ва шашкаю шоҳмот 1009 мусобиқаю чорабинӣ бо усули деҳа ба деҳа ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он 80268 нафар ширкат варзиданд.
Дар маҷмӯъ, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар миқёси вилоят дар давраи ҳисоботӣ 12507 чорабинӣ бо иштироки зиёда аз 800,0 ҳазор нафар ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуда, 107876 маводи иттилоотӣ дастрас гардид.
Вазъи соҳаи сайёҳӣ
Бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида, барои таъмини рушди бемайлони соҳа як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.
Ҳамзамон, дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2021, №370, қарори дахлдори Раиси вилоят аз 5-уми октябри соли 2021, №475 дар таҳрири нав ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои солҳои 2019-2022 тасдиқ гардид. Дар 11 моҳи соли равон дар вилоят 2 ширкати сайёҳӣ таъсис ёфта, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ–Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд.
Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 93 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши 6873 ҷой, 44 осорхона ва 753 мавзеи таърихӣ, 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд.
Натиҷаҳои омўзиши иқтидори сайёҳӣ нишон медиҳад, ки вилоят вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди саёҳати экологӣ мебошад, ки асоси онро табиати нодир, манзара, обҳои мусаффо, кўл ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғ, наботот ва ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва бедор намудани ҳисси ифтихори насли наврас аз табиати биҳиштосо ва таърихи пурғановати кишвар саёҳати хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ роҳандозӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ 19300 нафар ҷавонону наврасони вилоят бо мавзеъҳои таърихӣ шинос шуданд. Сабақҳои андӯхтаи онон ба муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии мамлакат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус интернет мусоидат хоҳад кард.
Дар 11 моҳи соли 2021 аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилоят зиёда аз 134,0 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,2 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ дидан намуданд. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2018-2020 ва 11 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 боғи фарҳангию фароғатӣ, 47 гулгашт, 495 маркази савдо, 660 маркази хизматрасонӣ ва 40 меҳмонхона бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда, барои афзун намудани иқтидорҳои сайёҳии вилоят замина фароҳам оварданд.
Дар ду муассисаи таълимии вилоят–Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва факултаи географияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ихтисоси менеҷменти сайёҳӣ кадрҳои соҳаи сайёҳӣ омода карда шуда истодаанд. Ширкатҳои сайёҳӣ дар самти сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, таърихӣ-этнографӣ, табобатӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводид, шиносномаи хориҷӣ ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ хизмат мерасонанд. Баҳри рушди сайёҳии воридотӣ низ ширкатҳои сайёҳӣ барои ташвиқу тарғиб, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкил намудани хатсайрҳои наву ҷолиби диққат фаъолияти худро равона менамоянд.
Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти соҳа, сомонаи сайёҳии вилоят www.welcomesugd.tj фаъол гардида, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводи зарурӣ ҷой дода шудааст. Барои манзур кардан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ харитаи сайёҳӣ, китоби роҳнамои сайёҳии вилоят “Туризм и ремесло” (Северный Таджикистан) бо забонҳои хориҷӣ таҳия ва нашр гардид. Инчунин, маҷаллаи “Tajikistan`s guide” дар таҳрири нав нашр шуд.
Вазъи соҳаи кор бо занон ва оила
Дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Бо мақсади бештар ҷалб намудани занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ, ба омўзиши касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон корҳои муайян ба иҷро расиданд. Имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъол буда, дар таҳкими раванди рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят саҳмгузоранд. Аз 1370,4 ҳазор нафар занону духтарони вилоят 19298 нафар занони роҳбарикунанда ва 1167 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд.
Алҳол, аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар вакилони халқи ҷамоатҳо интихоб гардидаанд.
Дар вилоят 52 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ ва 61 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилоят аз ҳисоби занону духтарони болаёқату фаъол мебошанд. Боиси хушнудист, ки ҷавондухтарони деҳоти дурдаст, бахусус аз оилаҳои камбизоат таҳти ғамхориву сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, ҳамасола барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ квота ҷудо карда мешавад. Айни ҳол, аз шумораи умумии зиёда аз 40 ҳазор нафар духтароне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил доранд, 488 нафар донишҷӯдухтарон тибқи квота таҳсилро идома дода истодаанд.
Муроҷиати шаҳрвандон
Дар давраи ҳисоботӣ ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии дархосту муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуда, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 3842 муроҷиат ворид гардид. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳо 917 адад шифоҳӣ, 2773 адад хаттӣ, 25 адад аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва 127 адад тавассути “Viber” ворид шудаанд. Дар ин давра ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1160 муроҷиати шаҳрвандон ворид шуда, аз ҷониби сохторҳои масъул мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Аз муроҷиатҳои воридгардида 882 адад ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замин, сертификати ҳуқуқи истифодабарӣ, баҳси замин ва ҷудокунии саҳм вобаста буда, муроҷиатҳои марбут ба гирифтани кўмаки моддию молиявӣ 374 адад, таъмири роҳ, сохтмон ва нақлиёт 298, таъмин шудан бо манзил, масолеҳи сохтмон, масъалаҳои вобаста ба манзил ва баҳси манзил 791, муаммои соҳаҳои маорифу илм 97, фарҳангу маданият 92, таъминот бо ҷойи корӣ 78, нафақа 43, сафари ҳаҷ 4, нигаҳдории тандурустӣ ва таъминот бо доруворӣ 171, иқтисод, молия ва савдою соҳибкорӣ 57, таъминот бо оби нўшокию полезӣ ва кофтани чоҳи амудӣ 191, ҳимояи ҳуқуқ 233 ва дигар муроҷиатҳо 531 адад ба қайд гирифта шудаанд.
Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси вилоят ҳар ҳафта рўзи шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, масъалаҳои шаҳрвандон ҳал карда мешаванд.
Рафти татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»
Роҷеъ ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" корҳои амалию ташкилӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва назоратию санҷишӣ ба иҷро расиданд. Дар ёздаҳ моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 21164 маъракаю маросим, аз ҷумла 16331 тўйи домодию арўсӣ, 3068 маъракаи чил ва 1465 маъракаи сол баргузор гардиданд. Маблағи харҷи умумӣ барои баргузории ин чорабиниҳо 89,3 миллион сомониро ташкил дода, хароҷоти миёна барои як маърака 5468 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар арафа ва рўзҳои таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ хатнасури хайриявии 68 нафар кўдакон дар 9 маърака ва тӯйи домодию арӯсии 11 ҷуфт аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат дар 11 маърака бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастии корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон гузаронида шуданд.
Баҳри пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ аз ҷониби комиссияҳои муштарак давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 3737 рейд гузаронида, 157 ҳолати вайрон намудани қонунгузории танзим ошкор гардида, нисбати шахсони қонунро вайроннамуда ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шуд. Айни ҳол, дар қаламрави вилоят дар асоси талаботи қонунгузории соҳа 923 иттиҳодияи динӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, теъдоди масҷидҳои ҷомеи марказӣ 13 адад, масҷиди ҷомеъ 91, панҷвақта 802 ва иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ 17 ададро ташкил медиҳад.
Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 - уми июли соли 2017, №344 “Дар бораи қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет”
Бо мақсади татбиқи “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилоят лоиҳаи “Автоматизатсиякунонии ҳуҷҷатгузорӣ дар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он барномаи махсус ва системаи дохилӣ иборат аз 22 нуқта бо ду сервер насб гардид. Ҳамаи нуқтаҳо бо интернети баландсуръат пайваст мебошанд. Байни аксари раёсату шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути шабакаи “Ҳукумати электронӣ” табодули иттилоот зина ба зина ба роҳ монда шуда истодааст.
Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят (www.sugd.tj) ва сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд–www.khujand.tj, Гулистон–www.guliston.tj, Бўстон–www.buston.tj, Спитамен–www.spitamen.tj, Конибодом–www.konibodom.tj, Ҷаббор Расулов–www.-jabbor-rasulov.tj, Бобоҷон Ғафуров–www.gafurov.tj, Мастчоҳ–www.mastchoh.tj, Кўҳистони Мастчоҳ–www.kuhistoni-maschoh.tj, Ашт–www.mihdasht.tj, Айнӣ–ayni.tj, Истаравшан–www.mihdistaravshan.tj, Шаҳристон–www.shahriston.tj, Панҷакент–www.-panjakent.tj, Истиқлол–www.mihd-istiqlol.tj, Зафаробод–zafarobod.tj ва Деваштич-devashtich.tj бо истифода аз домени “tj” мавриди истифодаи васеъ қарор дошта, робитаи мустақимро бо шаҳрвандон ба роҳ мондаанд.
Ҳамасола барои нигоҳдории сомонаи расмӣ дар буҷети шаҳру ноҳияҳо дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок пешбинӣ ва масраф карда мешаванд.
Вазъи соҳаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ
Дар 11 моҳи соли 2021 дар вилоят миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда 6196 адад ба қайд гирифта шудааст. Миқдори ҷиноятҳои дар ҳолати мастӣ 22 адад (19,1 фоиз) кам, ҷиноятҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содиргашта 37 адад (10,9 фоиз), ғоратгарӣ 3 адад (12 фоиз), авбошӣ 14 адад (4 фоиз), одамкушии барқасдона ва сӯиқасд ба ҷон 5 адад (17,2 фоиз) кам ба қайд гирифта шудааст.
Нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар соли 2021 барои даъвати баҳорӣ 2450 нафар ва даъвати тирамоҳӣ 3249 нафар муайян шуда, амалан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳорӣ 2454 нафар ва даъвати тирамоҳӣ 3258 нафар сафарбар гардидаанд, ки мутаносибан баробари 100,2 ва 100,3 фоизи нақша мебошад.
Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.
Ин аст, ки фазои сиёсии вилоят мӯътадил буда, дар ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ тадриҷан ба меъёрҳои асосии муносибат табдил меёбанд. Дар заминаи ҳамкории пайваста бо ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ ва марказҳои маданӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки ҳар як зуҳуроти эҷодкунандаи монеа ба пешравии кишвар пайгирона аз байн бардошта шавад. Имрӯз дар ин фазои мусоиди сулҳу ваҳдати кишвар фаъолон, адибон, олимон, занону ҷавонон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ, дар самти пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби экстремистӣ, радикализми сиёсиву динӣ, нашъамандӣ, хариду фурӯши одамон, фасодкорӣ, инчунин ташвиқу тарғиби падидаҳои беҳбуди таълиму тарбия, рушди маориф, тарзи ҳаёти солим корҳои назаррасро анҷом дода, обрӯю эътибори миллату давлатро баланд бардошта истодаанд.
Бо сарҷамъиву муттаҳидии сокинони вилоят чорабиниҳои бузурги сиёсиву фарҳангии ҷумҳуриявӣ дар вилоят дар сатҳи бошукӯҳу хотирмон доир гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят тадбирҳои зарурӣ меандешад.