Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмӯҳлати Тоҷикистон–баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ–таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
Бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат–30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, суботи макроиқтисодӣ дар минтақа нигоҳ дошта шудааст.
Вазъи иҷрои буҷет
Бо мақсади бартараф намудани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёт ва нигоҳ доштани сатҳи мутавозини буҷет дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати истифодаи мақсадноки захираҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба хароҷоти ғайримақсаднок ва дуюмдараҷа дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор корбарӣ ба роҳ монда шуда, нақшаи қисми даромади буҷетҳои давлатию маҳаллӣ барзиёд таъмин гардид ва ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат сари вақт амалӣ карда шуданд.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 11 моҳи соли 2022 ба андозаи 104,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3941,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 179,7 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар 11 моҳи соли 2022 ба буҷети маҳаллии вилоят 2327,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёд иҷрошавӣ 73,8 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 103,3 фоизи нақша мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 2295,95 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 2293,1 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 99,9 фоизи нақша мебошад.
Баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 1066,5 миллион сомонӣ, тандурустӣ 520,5 миллион сомонӣ, ифзи иҷтимоии аҳолӣ 24,7 миллион сомонӣ, фарҳангу варзиш 239,3 миллион сомонӣ, дар маҷмўъ, 1851,0 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 80,7 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Дар 11 моҳи соли 2022 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 838,1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 859,6 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 102,6 фоизи нақша мебошад.
Савдои дохилӣ ва хориҷӣ
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, инчунин, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 11 моҳи соли 2022 ба 13879,2 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3716,0 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 103,1 ва 110,8 фоизро ташкил намуд.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба 2840,7 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 140,5 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 1892,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 409,7 миллион доллар ё 27,6 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 948,0 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 408,9 миллион доллар ё 1,8 баробар зиёд мебошад.
Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 340,0 миллион доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 359758 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 624,2 миллион доллари ИМА содирот шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 65,8 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 16,8 банди фоизӣ боло рафтааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 83428 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 696082 тонна семент ба маблағи 21,6 миллион доллари ИМА содирот шудааст.
Содироти нахи пахта нисбати ҳамин давраи соли пешин 1031 тонна коҳиш ёфта, ҳамагӣ 29643 тонна нахи пахта ба фурӯш бароварда шуда бошад ҳам, аз ҳисоби болоравии нархи бозори ҷаҳонӣ маблағи аз ин ҳисоб ба даст омада 10,9 миллион доллар афзуда, 73,3 миллион долларро ташкил намудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи самараноки барномаҳо дар самти рушди содирот ва тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда, инчунин, дастрасӣ пайдо намудани соҳаи парандапарварӣ ба имтиёзҳои иловагӣ, воридоти гӯшту тухми паранда бамаротиб коҳиш ёфта, соли ҷорӣ қадамҳои аввалин дар самти содироти ин намудҳои маҳсулот гузошта шуданд. Дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 1,14 миллион доллар ба миқдори 11,6 миллион дона тухм ва ба маблағи 34,5 ҳазор доллар гӯшти мурғ содирот шудааст.
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 20,57 миллион доллари ИМА 1330 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 3,4 миллион доллари ИМА ва 248 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст. Илова бар ин, ба маблағи 1,77 миллион доллар 536 тонна калобаи пахтагин содирот шудааст.
Дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 36,7 миллион доллари ИМА 128193 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 13,5 миллион доллар зиёд аст. Ҳиссаи хушкмева ва пиёз дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 38,1 ва 48,6 фоизро дарбар гирифта, дар ин давра 48800 тонна хушкмева ба маблағи 24,64 миллион доллар ва 62249 тонна пиёз ба маблағи 6,3 миллион доллар содирот шудааст. Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 1,9 миллион доллари ИМА афзудааст. Афзоиши содироти хушкмева 10813 тоннаро ба маблағи 10,56 миллион доллар ташкил намудааст.
Дар самти воридоти маҳсулоти ниёзи аввал низ дигаргунӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, воридоти орд нисбати ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 2152 тонна кам шуда, ҳамагӣ 40276 тонна орд ворид гардидааст. Ҳамзамон, ба маблағи 273,6 миллион доллар 827950 тонна ғалла ворид карда шудааст. Бо мақсади таъмин намудани захираи равғани растанӣ воридоти он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 3062 тонна зиёд карда шуда, ҳамагӣ воридоти 39954 тонна равғани растанӣ ба маблағи 52,8 миллион доллар ба қайд гирифта шудааст.
Воридоти гӯшти паранда дар заминаи тавсеа ёфтани иқтидорҳои дохилӣ тадриҷан коҳиш ёфта, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 587 тонна гӯшти паранда ба маблағи 1,75 миллион доллар ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1385 тонна кам аст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба миқдори 54289 тонна, чӯбу тахта 18888 метри мукааб, таҷҳизоти саноатӣ ба маблағи 23 миллион доллар ба ҳисоб гирифта шуда, дар 11 моҳи соли 2022, дар маҷмӯъ, 230049 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 192,6 миллион доллар, 318298 метри мукааб чӯбу тахта ба маблағи 67,7 миллион доллар ва ба маблағи 108 миллион доллар таҷҳизоти саноатӣ ба қаламрави гумрукии вилоят ворид карда шудааст. Воридоти гази моеъ 26072 тонна коҳиш ёфта, ҳамагӣ воридоти 306896 тонна гази моеъ ба маблағи 151,4 миллион доллар ба қайд гирифта шудааст.
Зиёд шудани воридоти ашёи хоми стратегӣ ва маводҳои энергетикӣ, аз қабили маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ғалла, чӯбу тахта, инчунин, воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоту технологияҳо бозгӯи таъмин гардидани рушди бонизоми иқтисодӣ миллӣ дар заминаи тавсеа ёфтани зарфият-ҳо маҳсуб меёбад.
Маълумот оид ба таъмини беҳбуди фазои сармоягузорӣ,
рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории хурду миёна, дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию қарздиҳӣ корҳои муайянро амалӣ намуд.
Дастгирии соҳибкорӣ ва рушди ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ ҷузъи таркибии сиёсати иҷтимоию иқтисодии вилоят мебошад. Ҳамкориҳои мазкур ба мустаҳкам гардидани заминаи меъёриву ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ, зиёдшавии ҳиссаи соҳибкорӣ дар ташаккули маҳсулоти минтақавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани нақши соҳибкорӣ дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят мусоидат карда истодааст.
Дар вилоят шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ ба санаи 1-уми декабри соли 2022 аз аввали бақайдгирӣ 121196 адад, аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродӣ 112341 адад буда, аз рўи патент 17805 нафар, шаҳодатнома 11319, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 16680 нафар фаъолият мебаранд. Шахсони ҳуқуқӣ 8806 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 66537 адад ба қайд гирифта шудаанд.
Бо назардошти бо суръати баланд ворид шудани унсурҳои иқтисоди рақамӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди босубот ва пешгирикунандаи соҳаи калидӣ дар самти таъмини шуғли пурмаҳсул, яъне соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ, афзалияти асосиро касб намудааст. Вобаста ба ин, таъмини рушди бонизоми ниҳодҳои молиявӣ, аз ҷумла, соҳаи хизматрасониҳои бонкӣ, ҳамчунин, нақлиёт ва коммуникатсия, ки барои рушди соҳибкорӣ заминаи асосиро фароҳам меоварад, зери таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии давлату Ҳукумат қарор доранд.
Солҳои охир зери таъсири бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ паст шуда, ҳаҷми маблағгузориҳои қарзӣ ва ҷалби пасандозҳо коҳиш ёфта буд. Соли ҷорӣ новобаста аз ҷорӣ гардидани маҳдудияту таҳримҳо, дар бахши иқтисодию молиявӣ дар сартосари ҷаҳон, дар самти таъмини фаъолияти бомароми ташкилотҳои амонатию қарздиҳӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар давраи ҳисоботӣ афзоиши ҳаҷми сандуқи қарзии ташкилотҳои қарздиҳӣ нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли сипарӣ дар сатҳи 5,7 фоиз таъмин карда шуд.
Дар қаламрави вилоят фаъолияти 613 ташкилоту муассисаи қарздиҳию хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла, 2 бонки мустақил, 3 ташкилоти амонатию қарздиҳӣ, 7 фонди қарздиҳии хурд, 98 филиали ташкилотҳои қарздиҳӣ ва 503 маркази хизматрасонии бонкӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят дар ҳаҷми 3661,1 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ равона карда шуд. Аз ҷумла, баҳри таъмини рушди соҳаҳои кишоварзӣ 940,1 миллион сомонӣ, саноат 588,4 миллион сомонӣ, савдои хориҷӣ 424,4 миллион сомонӣ, хизматрасонӣ 287,6 миллион сомонӣ, сохтмон 70,2 миллион сомонӣ ва нақлиёт 10,5 миллион сомонӣ маблағ сафарбар гардида, барои тақвият бахшидани қобилияти харидории аҳолӣ ва дар ин замина таъмин намудани ҳолати мутавозини бозори истеъмолӣ ба маблағи 1227,8 миллион сомонӣ қарзҳои истеъмолӣ дода шудааст.
Бақияи умумии пасандозҳо дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 дар ҳаҷми 2843,1 миллион сомонӣ ба ҳисоб гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 27,7 фоиз афзудааст.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 268,2 миллион доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 103,6 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 201,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 66,6 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра ҳаҷми сармоягузориҳои ватанӣ ба иқтисодиёти вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,3 баробар афзудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ воридоти сармояи мустақим ба маблағи 115,4 миллион доллар ва ҳар гуна сармоягузориҳо ба маблағи 44,8 миллион доллар ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар вилоят 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дошта, тибқи маълумоти Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо 40 миллион доллари ИМА маблағ азхуд карда шудааст.
Бо мақсади муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва мусоидат ба рушди содирот, инчунин, баҳри ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ, бо ҷалби бахши молиявию қарзӣ, ташкилотҳои сайёҳӣ, шарикони рушди Тоҷикистон, бизнес-ассотсиатсияҳо,намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналхалқӣ ва доираҳои соҳибкории ватанию хориҷӣ ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ гардида истодаанд.
Дар вилоят баргузор намудани ярмаркаю намоишгоҳҳои сатҳи баланд ба ҳукми анъана даромада, санаҳои 17-18-уми июни соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ва Форуми “Имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” гузаронида шуд. Дар ярмарка ва форумҳо зиёда аз 400 нафар меҳмонони хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Дар ҳошияи баргузории ярмарка - форум таҳти унвони “Имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” доир карда шуда, зиёда аз 60 меморандум ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Ҳамзамон, беш аз 200 ширкати ватанию хориҷӣ намунаи молу маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.
Илова бар ин, баргузор намудани бизнес-форумҳо бо минтақаҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон солҳои охир ба таври мунтазам роҳандозӣ гардида, дар ин давра форумҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишвари Красноярски Федератсияи Россия ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида шуданд.
Ҳамзамон, санаҳои 16-21 майи соли 2022 дар доираи сафари расмии ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилоят бизнес-форум бо ҷалби доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва шаҳрҳои Истамбул, Анталия ва Кайсерии Ҷумҳурии Туркия баргузор гардида, аз натиҷаи бизнес-форум 12 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Маълумот оид ба ҳифзи
амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.
Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар 11 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 14481,2 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 112 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 10669,6 миллион сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 3811,6 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 13 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 110,6 фоиз, 116 ва 117,3 фоиз таъмин гардидааст.
Барои ҳосили соли 2022 дар масоҳати 279768,0 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ҳарчӣ бештар рўёнидани ҳосили ғалладонагиҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии ҳар гектари он бо истифодаи тухмиҳои баландҳосил корҳои назаррас ба сомон расонида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 125656,0 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (бо ҷуворимаккаи дон), аз ҷумла 53756,0 гектар гандум, 48559,0 гектар ҷав, 9280,0 гектар шолӣ ва 4956,0 гектар лӯбиёгиҳо кишт карда шуданд. Масоҳати кишти ҷуворимакка барои дон 6601,0 гектар ва зироатҳои хўроки чорво 44860,0 гектарро ташкил намудааст.
Дар мавсими имсола масоҳати кишти картошка ба 24215,0 гектар расонида шуд. Кишти асосии сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 17681,0 гектар гузаронида шуд. Аз ин масоҳат кишти пиёз 3867,0 гектар ва сабзӣ 2915,0 гектарро дарбар мегирад.
Масоҳати кишти полезиҳо 3960,0 гектарро ташкил медиҳад. Масоҳати кишти зироати асосӣ, яъне пахта дар майдони 57159,0 гектар гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2021 ба масоҳати 7481,0 гектар зиёд мебошад.
Дар соли 2022 кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати 30100 гектар, аз ҷумла, дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ масоҳати 19362 гектар пешбинӣ шудааст, ки аз масоҳати кишти такрории соли 2021-ум 2500 гектар ё 10 фоиз зиёд аст. Тибқи ҳисоботи кишти такрорӣ, ки санаи 1-уми сентябр ҷамъбаст мегардад, дар соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар масоҳати 23385 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки баробари 120,8 фоизи дурнамо мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо якҷоя бо ҷуворимакка барои дон 389080,7 тонна, аз ҷумла, гандум 173477,6 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 мутаносибан 69401,1 ва 37263,1 тонна зиёд мебошад.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 532072,4 тонна картошка, 585016,0 тонна сабзавот, аз ҷумла, 157293,1 тонна пиёз, 121711,5 тонна мевагӣ, аз ҷумла, 55847,3 тонна зардолу, 37329,6 тонна себ, 59337,6 тонна ангур ва 148091,6 тонна полезӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 истеҳсоли картошка 19999,9 тонна, сабзавот 32821,8, ангур 4931,5, полезиҳо 41, мевагиҳо 29934,3, аз ҷумла зардолу 18341,3 ва себ 4709,2 тонна афзудааст.
Дар вилоят нисбат ба рушди соҳаи пахтакорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар соли 2022 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҳаҷми 133800 тонна пешбинӣ гардида, то санаи 10-уми декабр бо вазни физикӣ 133950,0 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 100,1 фоизи нақшаи дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19336,4 тонна зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ маросими ҷамъбасти мавсими пахтачинӣ ботантана баргузор гардида, шаҳру ноҳияҳо бо автомобилҳои хизматӣ, инчунин, ҷамоат-ҳои пешсаф, чинакчиёну механизаторон, агроному обронҳо бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 59454,9 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 16339,0 тонна, гӯшти моҳӣ 610, шир 250670,1 тонна, тухм 699,8 миллион дона, пашм 1613,3 тонна, пилла 146,4 ва асал 1502,8 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 104,7 фоиз, аз ҷумла, гӯшти паранда 107,7 фоиз, гӯшти моҳӣ 117,6, шир 101,9, тухм 122,2, пашм 102,2, пилла 89,6 ва асал 103,7 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калони шохдор 724237 сар, аз ҷумла, модагов 397662 сар, гўсфанду буз 1725740 сар, паранда 5431245 сар ва асп 8866 сарро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ саршумори чорвои калони шохдор 49951 сар, аз ҷумла, модагов 26992 сар, гўсфанду буз 126900 сар ва асп 282 сар зиёд шуда, саршумори паранда 89718 сар коҳиш ёфтааст. Оилаи занбӯри асал нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6749 оила афзоиш ёфта, ба 79507 оила расонида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ маҳсулнокии чорво, аз ҷумла, ширҷўшӣ аз 1 сар модагов ба ҳисоби миёна 1742 килограммиро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз ҳар сар модагов 118 килограммӣ зиёд шудааст. Тухмгирӣ аз як сар мокиён ба 264 адад расонида шуда, афзоиш 50 ададӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Наслгирӣ аз 100 сар модагов 63 сарӣ ва аз 100 сар гўсфанду буз 92 сариро дарбар гирифта, гирифтани барраву бузғола дар сатҳи соли гузашта таъмин гардида, гирифтани гӯсола 2 сарӣ зиёд карда шудааст.
Бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маҳсулоти авввалиндараҷа ва сабзавоти тару тоза дар мавсими тирамоҳу зимистон ба фаъолияти сардхонаю гармхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар миқёси вилоят 40 сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1700 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии 11910 тонна мебошанд. Айни ҳол мавсими захираи маҳсулот оғоз гардида, 2018,0 тонна маҳсулот, аз ҷумла 980,0 тонна себ, 750,0 тонна ангур ва 288,0 тонна дигар намуди маҳсулот захира шудааст.
Ҳамзамон, ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ карда шуда, дар ин давра дар бахши корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 505 гармхона ба қайд гирифта шуда, фаъолияти 501 гармхона ба роҳ монда шуд, ки аз он 274 гармхонаи навъи хитоӣ ва 4 гармхона навъи инноватсионӣ мебошанд. Аз ин миқдор дар 293 гармхона парвариши сабзавот, дар 212 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст.
Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят ба 25,0 гектар расонида шуд, ки аз он 11,47 гектар помидор, 8,26 гектар бодиринг ва 5,27 гектар дигар зироатҳо мебошад. Илова бар ин, майдони дарахтони лимӯ ба 12,40 гектар ва кӯчати гулҳо ба 3,27 гектар расонида шуд.
Дар соли 2022 тибқи дурнамо бунёди 230 гектар боғу токзор пешбинӣ гардида, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии вилоят 880,5 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст, ки нисбат ба дурнамо 3,8 баробар зиёд мебошад. Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 148 гектар боғи интенсивӣ мебошад.
Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 570 гектар назардошт шуда, амалан дар масоҳати 943,4 гектар боғу токзор барқарор карда шуд, ки 165,5 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.
Боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир бунёд гардида, асосан ба воситаи таҷҳизоти каммасрафи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 бо мақсади таъмини қишрҳои осебпазири аҳолӣ бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 44 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ, ба миқдори 6320,2 тонна маҳсулот, аз ҷумла, 857,8 тонна орд, 221,1 тонна равғани растанӣ, 259,1 тонна гӯшти чорвою паранда, 19,4 тонна моҳӣ, 217 тонна шакар, 224,2 тонна биринҷ, 1187,0 ҳазор дона тухм, 1451,4 тонна картошка, 482,6 тонна сабзӣ, 865,0 тонна бехпиёз, 599,9 тонна сабзавоти гуногун, 471,3 тонна полезӣ, 423,5 тонна меваҷот ва 227,9 тонна дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд.
Баробари афзудани теъдоди хоҷагиҳои инфиродӣ масъалаҳои таъминот бо техникаи кишоварзӣ, оби полезӣ ва ҳифзи бехатарии зироатҳо аҳамияти аввалиндараҷа пайдо менамоянд.
Бо мақсади омӯзонидани риояи қоидаҳои агротехникӣ ва таъмини амнияти зироатҳои кишоварзӣ аз таъсири ҳашароти зараррасон ва ҳар гуна касалиҳо ба масъалаи таъсиси марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар ин давра фаъ-олияти 1020 марказ ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, 535 маркази хизматрасонии техникӣ бо 7684 техникаи кишоварзӣ, 13 маркази хизматрасонии техникии КВДҶ “Тоҷикагролизинг”, 98 нуқтаи маслиҳатдиҳӣ, 101 мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, 77 мағозаи фурӯши тухмӣ, 46 нуқтаи фурӯши ниҳолҳо, 72 мағозаи фурӯши нуриҳои минералӣ ва 78 мағозаи фурӯши заҳрхимикатҳо ба кишоварзони вилоят хизмат расонида истодаанд.
Дар самти ислоҳоти соҳаи обрасонӣ тадбирҳо андешида, дар вилоят 187 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мебарад, ки дар танзими системаи обрасонӣ ва таъминоти бонизоми заминҳои кишоварзӣ бо об нақши муҳим дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади роҳандозӣ намудани таъминоти мунтазами оби полезӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ки омили муҳими баланд бардоштани боздеҳи замин арзёбӣ мешавад, тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби буҷети вилоят дар соли 2022 барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 5497 гектар замин 5094,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо сарфи 4662,7 ҳазор сомонӣ, ҳолати мелиоративии 5497 гектар замин беҳтар карда шуд, ки 100 фоизи нақшаи солонаро дарбар мегирад. Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо тавассути таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишоварзӣ ва омода намудани инфрасохтори соҳа ба фаъолияти мунтазам соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети вилоят 13,6 миллион сомонӣ маблағ равона карда шуд.
Ба масъалаи азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои боир, лалмӣ ва аз гардиш берунмонда таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, 341,77 гектар заминҳои чарогоҳ ва ғайрикишоварзӣ азхуд карда шуда, аз ҳисоби заминҳои боир ва холимонда 309,2 гектар замин ба гардиш ворид карда шуд.
Маълумот оид ба рушди соҳаҳои саноат ва энергетика
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.
Ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, давоми 11 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21759,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3595,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридот-ивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба миқдори 1225,9 ҳазор тонна семент ва 1703,4 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 2190,4 тонна калоба ва 7037,7 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.
Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 11 моҳи соли 2022 ба миқдори 4505,1 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки баробари 118,9 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад. Ба миқдори 42192,5 тонна нону маҳсулоти нонӣ ва ба миқдори 4719,9 тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 105 ва 113,5 фоиз таъмин гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 10,1 миллион декалитр ва консерваҳо ба 30,1 миллион қуттии шартӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 132,2 ва 100,9 фоизро ташкил намудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ, аз қабили қубурҳои металлӣ ба андозаи 9504,9 тонна бо суръати афзоиши 133,9 фоиз, бетони сохтмонӣ 36,7 ҳазор метри мукааб ё 121,5 фоиз, зарфҳои шишагин ба ҳисоби 0,5 литр 13470,9 ҳазор дона ё 118,2 фоиз, қубурҳои асбестӣ 19,7 ҳазор метр ё 129,8 фоиз, тахтаҳои асбестӣ (шифер) 13237,5 ҳазор тахтаи шартӣ ё 40,6 баробар, профилҳои плас-тикӣ 2242,9 тонна ё 150,2 фоиз, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 58,6 миллион дона ё 128,7 фоиз, полиэтилен (плёнка) 5,1 тонна, ватин 20261,7 метри мураббаъ, қолаби зарфи пластикӣ 109 миллион дона ё 173 фоиз, мех 1211,0 тонна ё 194 фоиз ва бозичаҳои кӯдакона 2013,1 ҳазор дона бо суръати афзоиши 138 фоиз таъмин карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 848 корхона, аз ҷумла, 789 корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсолот ва 59 корхона дар самти хизматрасонӣ ба қайди расмӣ гирифта шуда, аз ин шумора 733 корхона ё 86,4 фоиз фаъолият намуд. Намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 248 номгӯй расонида шуд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавию минтақавӣ, давоми 11 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав бо 2820 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои дўзандагии либоси миллию мактабӣ ва пойафзолдӯзӣ тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд.
Дар соли 2022 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома ёфта, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 16 корхонаю коргоҳи нави дўзандагӣ бо 323 ҷойи нави корӣ, 3 корхонаю коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 266,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 36,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Барои дар соли таҳсили 2022-2023 бо либоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дўхтани либоси мактабӣ тақвият ёфта, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 966002 дона либоси мактабӣ дўхта, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 111 фоиз таъмин гардидааст.
Дар вилоят фаъолияти 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 330,9 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 63 ҳазор ҷуфт ё 23,5 фоиз зиёд аст.
Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бештар аз коркард гузаронидани нахи пахта дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ аз тарафи корхонаҳои саноатии вилоят ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди сиклҳои нави истеҳсолот то маҳсулоти ниҳоӣ корбарӣ идома дорад.
Корхонаҳои пахтатозакунии вилоят дар 11 моҳи соли 2022 ба миқдори 33187,0 тонна нахи пахта ва 47900,5 тонна чигит истеҳсол намудаанд.
Дар вилояти Суғд 8 корхонаи коркарди нахи пахта, аз ҷумла, ҶДММ “Ангубин” (ҶСП «Олим текстайл»), ҶДММ «Спитамен текстайл», ҶДММ «Нику Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶСП «Сатн», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Органик Ян» ва ҶСП «Сомон гурӯҳ» бо иқтидори солонаи коркарди 38,5 ҳазор тонна нахи пахта мавҷуд мебошанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки фаъолияти ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶСП «Сатн» ва қисман ҶДММ «Органик Ян» силсилаи пурраи коркарди нахи пахтаро дарбар мегирад.
Ҳамзамон, баҳри иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми феврали соли 2020, №64 бобати сохтмони корхонаҳои коркарди маъдану консентрат корҳо идома дошта, дар ноҳияи Айнӣ бунёди 2 корхонаи азим бо иқтидори солонаи коркарди 250 ҳазор тонна маъдан амалӣ гардида истодааст. Мавриди зикр аст, ки ҶСП “Талко Голд” ва ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” оғоз гардида, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти онҳо мутаносибан 193,6 миллион сомонӣ ва 879,3 миллион сомониро ташкил намудааст.
Вобаста ба таъмини бонизоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо қувваи барқ масъалаи пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 дар вилоят 4196,7 миллион кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 1109,0 миллион сомонӣ истифода шуда, пардохти маблағи он 1024,5 миллион сомонӣ таъмин гардидааст, ки 92,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 349,8 миллион сомонӣ барқ истифода шуда, пардохт 341,8 миллион сомонӣ ё 97,7 фоиз таъмин гардидааст.
Вазъи соҳаҳои сохтмон ва меъморӣ
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 809,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд ва корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 1540,8 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан 120,3 ва 122,2 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳад.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 1836,3 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 126 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 484,2 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 79,0 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Илова бар ин, барои 3084 ҷойи нишасти талаба дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, 100 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 120 кат дар беморхона ва барои 60 қабул дар як баст дар дармонгоҳҳо иқтидорҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.
Тайи 11 моҳи соли 2022 ҷиҳати таҳкими корҳои ободониву созандагӣ аз тарафи Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, бо ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ якчанд иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли мех ва мехҳои печони ҶДММ “Нуртез” бо 30 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсол ва коркарди фулузоти ҶДММ “Ганҷофар” бо 30 ҷойи корӣ, хатти дуюми истеҳсоли коғаз дар ҶДММ “Дурахшон Бӯстон” бо 20 ҷойи корӣ, дар минтақаи саноатии шаҳр, бинои маъмурии филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд, коргоҳи дӯзандагӣ бо 60 ҷойи корӣ, дар заминаи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон, корхонаи истеҳсоли зарфҳои полиэтилении ҶДММ “Тоҷир пласт” бо 25 ҷойи корӣ, корхонаи мебелбарории соҳибкор Абдурозиқ Қаҳҳоров “Ситораи Суғд” бо 30 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли ширеши ҶДММ “Ширеши тоҷик” бо 30 ҷойи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои иҷтимоии 45-ҳуҷрагӣ бо чойхона ва маркази хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бинои Маркази адлия ва Боғи фарҳангию фароғатии “Темурмалик” дар шаҳри Гулистон, бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрии Панҷакент барои 80 кат, муҷассамаи “Рамзи китоб” бо баландии 14 метр, бинои боғчаи бачагона барои 400 нафар, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 барои 462 хонанда дар як баст, иншооти варзишии “Қасри паҳлавонон” дар шаҳри
Панҷакент, бинои мактаби хусусии “Контакт” барои 800 хонанда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 барои 1280 хонанда, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 барои 340 хонанда, маркази фарҳангию фароғатӣ бо муассисаҳои савдою хизматрасонӣ бо 300 ҷойи корӣ дар ноҳияи Ашт, корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Шарафи рӯз” бо 200 ҷойи корӣ, Маҷмааи хизматрасонӣ бо маркази савдо, меҳмонхона ва хонаҳои истиқоматии “Истаравшан Плаза” бо 20 ҷойи корӣ, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бинои нави Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” барои 320 нафар хонанда, корхонаи ҷӯроббофӣ ва дӯхти либоси мактабии ҶДММ “Нури Истаравшан” бо 150 ҷойи корӣ, Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён” бо 40 ҷойи корӣ дар шаҳри Истаравшан, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 барои қабули 1000 хонанда дар ду баст, Боғи фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Конибодом бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфтанд.
Дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Деваштич як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвою паранда дар заминаи ҶДММ “Хубҷамъ Инвест” бо 40 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли шишаи сохтмонии ҶДММ “Шишасохтмон” бо 40 ҷойи корӣ, сардхона бо иқтидори 1000 тонна дар МД “Боғи миллии Ваҳдат”, гармхонаи замонавӣ дар масоҳати 5 гектар тибқи стандарти “Евро-6” дар ҶДММ “ММК Агро” бо 70 ҷойи корӣ, Маркази саломатии деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов бо 40 ҷойи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қасри паҳлавонони “Суғдиён” бо 10 ҷойи корӣ, толори варзишии соҳибкори маҳаллӣ Х.Сайфиддинов бо 10 ҷойи корӣ, маркази қолинбофии соҳибкор П.Сатторқулов бо 20 ҷойи корӣ, коргоҳи коркард ва бандубасти ҳуч ва қурут дар заминаи ҶДММ “Меваҳои ҳазорчашма” бо 10 ҷойи корӣ, маҷмааи хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагии соҳибкор А.Раҳмонбердиев бо номи “Малика” бо 20 ҷойи корӣ, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 барои 1240 хонанда дар ду баст ва хатти таъминоти оби нӯшокӣ барои 9000 нафар аҳолии деҳоти Ғазантарак дар ноҳияи Деваштич, бинои иловагии осоишгоҳи “Соҳил” бо 15 ҷойи корӣ, сехи дӯзандагӣ ва коргоҳи пойафзолбарории соҳибкор Ҷаннатой Абдалиева бо 35 ҷойи корӣ, бинои 3-ошёнаи Нозироти андоз дар шаҳри Гулистон, бинои 4-ошёнаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, коргоҳи коркарди санг дар заминаи ҶСП “Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ” бо 30 ҷойи корӣ ва корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтилении ҶДММ “Азияполитекс” бо 300 ҷойи корӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, бинои нави МТМУ №28 барои 1280 хонанда дар ду баст дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмони олиқадр ифтитоҳ ёфтанд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва таҷдиду азнавбарқароркунии зиёда аз 12000 иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта, дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону аз нав барқароркунӣ ва таъмиру тармими 1982 иншоот ба итмом расонида шудааст.
Вазъи соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия
Дар 11 моҳи соли 2022 тавассути маҷмўи нақлиёт 29,6 миллион тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 214,0 миллион мусофир кашонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 108,5 ва 110,7 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор тавассути нақлиёти автомобилӣ 26,6 миллион тонна бор ва 213,9 миллион мусофир кашонида шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи бору мусофиркашонии вилоят мутаносибан ба 89,5 ва 99,95 фоиз расонида шуд.
Дар вилояти Суғд 69 муассисаи нақлиётӣ, аз ҷумла, 68 муассисаи нақлиёти хусусӣ ва 1 муассисаи давлатӣ фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 25 муассисаи нақлиётии мусофиркашон, 5 муассисаи нақлиётии боркашон, 24 муассисаи нақлиётии боркашону мусофиркашон ва 15 ширкати нақлиётии байналмилалӣ мебошанд. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди вилоят 8184,7 километр буда, аз он 3292,07 километр дар мувозинаи Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят, 278,9 километр дар мувозинаи ширкати IRS, 594,1 километр дар мувозинаи хоҷагии манзилию рифоҳӣ қарор дошта, 4019,63 километр роҳҳои байнихоҷагӣ мебошад.
Дар соли 2022 таъмиру тармими 2021,1 киломтер роҳҳо ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 223,0 километр таъмири асосӣ, 956,1 километр таъмири ҷорӣ ва 842,0 километр шағалпўш мебошад.
Барои иҷрои нақша аз ҳамаи сарчашмаҳо 113109,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, аз буҷети Вазорати нақлиёт 2516,1 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоят 55186,0 ҳазор сомонӣ, буҷети шаҳру ноҳияҳо 17310,7 ҳазор сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо 6297,5 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 14314,4 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 17485,2 ҳазор сомонӣ назардошт шудааст.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 нақшаи таъмиру тармими роҳҳо ҳамагӣ 113,2 фоиз иҷро гардида, 2288,0 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 323,8 километр таъмири асосӣ, 1097,3 километр таъмири ҷорӣ ва 866,9 километр шағалпўш мебошад.
Барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 193250,8 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят 59605,1 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 55,9 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 3556,7 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 18858,7 ҳазор сомонӣ, ташкилоту идораҳо 52499,2 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 26446,7 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 32284,4 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо маблағгузорӣ шудааст.
Соҳаи алоқа дар замони муосир ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини бехатарӣ таъсири назаррас дорад. Вобаста ба ин, ба таъмини рушди соҳа пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Филиали суғдии ҶСК “Тоҷиктелеком” танзимкунандаи фаъ-олияти соҳаи алоқа маҳсуб ёфта, шумораи муштариёнаш 88195 нафарро ташкил медиҳад.
Дар қаламрави вилоят 1840,5 ҳазор нафар аз хизматрасонии алоқаи мобилӣ истифода мебаранд, ки аз онҳо муштариёни ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (Tcell) 1284,9 ҳазор нафар, “Вавилон Мобайл” 309,8 ҳазор нафар, “ТТ Мобайл” (Мегафон) 147,4 ҳазор нафар ва ҶСК “Таком” (Билайн) 98,4 ҳазор нафар мебошанд.
Шумораи истифодабарандагони интернет дар ҶСП “Индиго Тоҷикистон” 69,8 фоиз, “Вавилон Мобайл” 16,8, “ТТ Мобайл” 8 ва ҶСК “Таком” 5,3 фоизи муштариёнро дарбар мегирад.
Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул
Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст.
Даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнат бозгўйи сатҳи некўаҳволии аҳолӣ мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ мувофиқи вилоят 1593,60 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 201,20 сомонӣ зиёд мебошад.
Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди миёнаи меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон 2598,18 сомонӣ, Айнӣ 2457,03, Панҷакент 2330,70, Хуҷанд 1870,53 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳисоби миёнаи вилоят аз 276,93 то 1004,57 сомонӣ зиёд аст. Омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди миёнаи меҳнат дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаи саноат маҳсуб меёбад. Дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 1420,87 сомонӣ, Бўстон 1391,87, Бобоҷон Ғафуров 1371,11, Истиқлол 1265,15, Спитамен 1241,04, Ҷаббор Расулов 1237,67 ва Исфара 1219,28 сомонӣ нишондиҳандаи музди миёнаи меҳнат ба ҳисоб гирифта шудааст.
Давоми 11 моҳи соли 2022 ба раёсат, шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40223 шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки аз он 20483 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 27160 нафар ҳамчун корҷўй дар сохторҳои мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2022 дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 19500 нафар шаҳрванди корҷўй ва бекор ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 25-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби мақомотҳои давлатии шуғли аҳолӣ ба 18830 нафар барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод 96,5 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Ҳамасола бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷўи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ банд карда шуда, яъне квота муқаррар мегардад. Тибқи нақшаи соли ҷорӣ миқдори квотаҳо 2100 ҷойро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ 1717 нафар шаҳрвандон тавассути квота бо кор таъмин гардиданд, ки 81,8 фоизи нақшаи барномавиро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷўён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Ватан баргаштаанд, 280 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Тавассути ин ярмаркаҳо 2341 нафар корҷў ва бекор ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 2382 нафар ба касбомўзӣ ва 525 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ҷамъи шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 5248 нафарро ташкил дод.
Дар 11 моҳи соли 2022 аз хориҷа ба Ватан 177320 нафар шаҳрвандон баргаштанд, ки аз онҳо 62377 нафар занон мебошанд. Шумораи муҳоҷирони ба Ватан баргашта 155028 нафар, аз ҷумла, занҳо 53116 нафарро дарбар мегирад.
Дар ин давра шумораи шаҳрвандони ба хориҷа сафаркарда 214647 нафар, аз ҷумла, занон 64044 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 192139 нафар, аз ҷумла 56946 нафар занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Тибқи маълумоти пурсиши сартосарии ҳавлӣ ба ҳавлӣ ба санаи 1-уми июни соли 2022, ки дар асоси муқаррароти қарори Раиси вилоят аз 20-уми июли соли 2009, №191 “Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2009, №266 “Дар бораи ҷамъбасти маълумоти оморӣ оиди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар” дар як сол ду маротиба гузаронида мешавад, аз ҳисоби сокинони вилоят 222115 нафар, аз ҷумла, 46617 нафар занон дар муҳоҷират қарор доранд. Аз шумораи умумии муҳоҷирон 217001 нафар ё ин ки 97,7 фоиз дар Федератсияи Россия, 3717 нафар ё 1,7 фоиз дар давлатҳои ИДМ ва 1397 нафар ё 0,6 фоиз дар давлатҳои хориҷаи дур қарор доранд.
Дар миқёси вилоят фаъолияти 285 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла, 108 маркази атласу адрасбофӣ ва 177 маркази дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин марказҳо бо назардошти ҳунармандоне, ки дар хона фаъолият доранд, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҳунармандон, бахусус занону духтарон ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ҳунармандони вилоят ба миқдори 96,5 ҳазор метри мураббаъ матои адрас истеҳсол намуданд. Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти омор истеҳсоли 3694 қолини дастибоф, 9358 кӯрпачаи қуроқӣ, 10051 болишти гулдӯзӣ, 12270 тоқии миллӣ, 5739 сӯзанӣ, 20941 ҷомаи миллӣ, 5755 миёнбанд, 1864 корд, 10570 сабад, 6869 гаҳвора, 6564 танӯр, 7200 сандуқ ба ҳисобот ворид карда шудааст.
Бо мақсади тиҷоратикунонии соҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 132 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ таъсис ёфта, илова бар ин, маҳсули дастони ҳунармандони вилоят тавассути сомонаҳои интернетӣ ба мизоҷони дохилию хориҷӣ пешниҳод ва дастрас карда мешаванд. Давоми 11 моҳи соли 2022 мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2494 нафар шаҳрвандонро ба омўзиши касбу ҳунар фаро гирифтааст, ки аксари онҳо ҳунарҳои мардумӣ маҳсуб меёбанд. Аз ҷумла, ба омўзиши ҳунари дӯзандагӣ 1615 нафар, қаннодӣ 475, қуроқдўзӣ 168, қолинбофӣ 153, бофандагӣ 95,гулдўзӣ 82, сўзанидўзӣ 72, ҷомадӯзӣ 64, адрасбофӣ 50, нонпазӣ 30, зардӯзӣ 30, сабадбофӣ 15 ва тоқидӯзӣ 15 нафар шаҳрванд ҷалб гардидааст. Илова бар ин, вобаста ба талаботи бозори меҳнат дар самтҳои оператори машинаҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ) 143 нафар, муҳосиби МЭҲ 15, омӯзиши забонҳои русӣ 36 ва англисӣ 20 нафар омода карда шудаанд. Баъд аз хатм ва соҳиби шаҳодатнома гардидан онҳо метавонанд аз ҳисоби даромади фаъолияташон сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.
Вазъи соҳаҳои илм ва маориф
Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-умро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон доштанд.
Дар соли таҳсили 2022-2023 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 278 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 205 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 60 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 44713 кўдакро ба тарбия фаро гирифтаанд.
Марказҳои инкишофи кўдакони синни томактабӣ дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят ташкил ёфтаанд. Ин марказҳо аз 701 гурўҳ иборат буда, дар онҳо 15162 кўдак таълиму тарбия мегиранд. Фарогирии кўдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ якҷоя бо Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ 21 фоизро ташкил медиҳад.
Соли таҳсили 2022-2023 дар вилоят 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 41 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 832 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 26 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 571729 нафар, аз ҷумла, 280773 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Нисбат ба соли таҳсили 2021-2022 шумораи муассисаҳои таълимӣ 2 адад зиёд шудааст.
Дар 11 моҳи соли 2022 дар вилоят 43 иншооти соҳаи маориф бо 12308 ҷои нишаст, аз ҷумла дар назди 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 429 синфхона бо 11098 ҷойи нишаст, 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1210 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Бинои МТМУ №7 бо 420 ҷойи нишаст дар ноҳияи Ашт, мактаби байналмилалии “Контакт интернешнл” бо 800 ҷойи нишаст дар шаҳри Исфара, бинои иловагии МТМУ №15 барои 840 ҷойи нишаст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои МТМУ №65 бо 640 ҷойи нишаст, МТМА №49 бо 240 ҷойи нишаст дар шаҳри Панҷакент, бинои МТМУ №28 дар шаҳри Хуҷанд дар доираи таҷлили ҷашнҳои миллӣ бо иштироки меҳмонони олиқадр ифтитоҳ шуданд.
Шумораи омўзгорони вилоят 37662 нафар, аз ҷумла, занон 26329 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 32183 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1397 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 4102 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Шумораи омўзгорони дорои маълумоти олӣ сол аз сол афзуда, дар оғози соли нави хониш ба 85,4 фоизи шумораи умумии омўзгорон расонида шудааст.
Дар соли хониши 2022–2023 эҳтиёҷ ба кадрҳои омўзгорӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят 796 нафар муайян шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1138 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки аз ҳисоби буҷет таҳсил намудаанд, роҳхат дода шуда, 800 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ҳозир шуданд.
Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳ-ҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар соли 2022 таъмин намудани муассисаҳои таълимии вилоят бо 673 кабинет ва озмоишгоҳи фаннӣ, аз ҷумла, озмоишгоҳ аз фанни химия 18 адад, кабинети фанни физика 58, химия 82, биология 88, география 128, математика 129, технологияи информатсионӣ 69, суруд ва мусиқӣ 119 адад пешбинӣ шуда, давоми 11 моҳи соли 2022 ҳамагӣ 482 кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Аз ҷумла, озмоишгоҳи фанни химия 14 адад, кабинети фанни физика 49, кабинети фанни химия 60, кабинети фанни биология 64, кабинети фанни география 80, кабинети фанни математика 99, кабинети фанни технологияи информатсионӣ 46, кабинети фанни суруд ва мусиқӣ 70 адад омода гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат менамояд.
Дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд барои солҳои хониши 2018-2022” соли 2022 ба муассисаҳои таълимӣ дастрас намудани 2898 компютер ва 230 тахтаи электронӣ ба нақша гирифта, дар 11 моҳи соли 2022-юм 1518 компютер ва 332 тахтаи электронӣ дастрас шуд, ки мутаносибан баробари 52,4 ва 144,3 фоизи нақша мебошад. Алҳол дар 1156 синфхонаи компютерӣ 21507 компютер ва 3052 принтер мавҷуд буда, 1112 тахтаи электронӣ ва 1448 проектор мавриди истифода қарор доранд. Дар 106 синфхонаи компютерии муассисаҳои таълимии вилоят китобхонаи электронӣ насб карда шудааст, ки аз он омӯзгорону толибилмон самаранок истифода мебаранд.
Дар соли таҳсили 2022-2023 17191 нафар хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар, 275 нафар тибқи Квотаи Президентӣ, 2574 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи наздик ва 64 нафар ба муассисаҳои олии хориҷи дур дохил шуданд, ки ҳамагӣ 20104 нафарро ташкил намуда, 59,4 фоизи шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил медиҳад.
Бо мақсади татбиқи босифату ҳамаҷонибаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020, №47 оид ба тадбирҳои амалигардонии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, рафти амалишавии он дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят 4356 нафар омӯзгорони фанни забони давлатӣ фаъолият дошта, аз онҳо 3881 нафар бо таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 160 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 315 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ ба таълиму тарбия машғуланд.
Дар давраи ҳисоботӣ баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019, №438 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати тақвияту густариши омўзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ чораҳои дахлдор андешида шуданд. Дар оғози соли таҳсили 2022-2023 дар 946 муассисаи таълимии вилоят 3145 нафар омўзгорони фанни забони русӣ ва 2708 нафар омўзгорони фанни забони англисӣ фаъолият доранд.
Дар миқёси вилоят соли равон 15 муассисаи таълимии забони таълимашон русӣ ва 1 муассисаи таълимии забони таълимаш англисӣ фаъолият мебаранд.
Дар соли хониши 2021-2022 хонандагони вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннию даставӣ иштирок намуданд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони синфи 11 аз рӯи 13 фанни таълимӣ 296 нафар ғолиби даври вилоятӣ ширкат варзида, ба гирифтани 131 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардид.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ (синфҳои 9-10) ва олимпиада байни наврасон (синфҳои 5-6 ва 7-8) 1076 нафар хонандаи вилоят иштирок ва соҳиби 541 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар умум, дар олимпиадаҳо 1372 нафар хонандаи вилоят ширкат варзида, сазовори 672 ҷойи ифтихорӣ дониста шуд. Тибқи иҷрои қарори Раиси вилоят аз 24-уми августи соли 2022, №322 «Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимии вилоят» дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят, ки дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ноил гардиданд, омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят, ки шогирдони онҳо ҳам дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ҳам дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд ва муассисаҳои таълимии вилоят, ки хонандагонашон дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба гирифтани бештари ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд, бо мукофотпулии яквақта қадр карда шуданд.
Аз ҷумла, 50 нафар ғолиби олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ бо мукофотпулии яквақта аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ, 25 нафар омӯзгор аз 2 то 10 ҳазор сомонӣ, литсейи №5-и шаҳри Исфара бо 7 ҳазор сомонӣ,
Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ» дар шаҳри Бӯстон бо 5 ҳазор сомонӣ, Литсейи физикӣ-математикии шаҳри Хуҷанд бо 3 ҳазор сомонӣ маблағи пулии яквақта ҳавасманд карда шуданд. Ҳамзамон, 8 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимии вилоят аз шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки муассисаҳои таълимиро бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра хатм намуданд, ҳар яке бо ҳазор сомонӣ мукофотпулии яквақта қадр карда шуданд.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор сол инҷониб Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида, шурӯъ аз соли 2021 бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ озмуни нав таҳти унвони “Илм–фурўғи маърифат” эълон карда шуд.
Роҳандозии озмунҳои мазкур барои маърифатпарвар шудани намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат намуда, ба китобу китобхонӣ рўй овардани пиру барно боиси боло рафтани маънавиёти ҷомеа, тарғиби ғояҳои худшиносиву ватандўстӣ, ифтихор аз фарҳанги ғании ниёгон ва боло рафтани ифтихори миллии насли наврасу ҷавон мегардад. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 11-уми марти соли 2022 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни “Илм–фурўғи маърифат”ба тасвиб расида, дар ин замина даври вилоятии озмун санаҳои 7-8-уми октябри соли ҷорӣ дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур 785 нафар ғолиби озмунҳои шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, 75 нафар, аз ҷумла, 35 хонанда, 35 донишҷӯ, 2 магистр ва 3 омӯзгор ғолиб дониста шуданд. Бояд зикр кард, ки барои мукофотонидани ғолибони озмун тибқи қарори дахлдори Раиси вилоят 399810 сомонӣ ҷудо карда шуда, ғолибони ҷойи якум бо 5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм бо 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм бо 2 ҳазор сомонӣ, инчунин омӯзгороне, ки хонандагонашон ғолиб дониста шуданд, бо 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм–фурӯғи маърифат” 73 нафар ширкат варзида, 18 нафар, аз ҷумла сазовори ҷойҳои якум 3 нафар, дуюм 6 нафар ва сеюм 9 нафар дониста шуданд. Илова бар ин, 13 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Вазъи соҳаи нигаҳдории тандурустӣ
Ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир шуда, баҳри амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои назаррас ба иҷро расиданд.
Дар вилоят 934 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ, аз ҷумла, 135 муассисаи сохтори госпиталӣ, 799 муассисаи сохтори КАТС, инчунин, 139 муассисаи махсусгардонида ва 292 муассисаи ғайригоспиталии хусусӣ бо назардошти намояндагиҳо фаъолият доранд.
Ба аҳолии вилоят 5150 табиб ва 17854 корманди миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд. Аз ҷумла, 2623 нафар ё 50,5 фоизи табибон ва 6820 нафар ё 38,2 фоизи кормандони миёна дорои дараҷаи тахассусии касбӣ мебошанд. Аз ҷумла, 6 доктори илми тиб ва 74 номзади илми тиб фаъолият доранд.
Дар вилоят нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ ба 19 ва бо кормандони миёна ба 65,4 баробар мебошад.
Баъди хатми омўзиши интернатура ва ординатураи клиникӣ 248 нафар табиб, аз ҷумла, 110 нафар мутахассиси ҷавон бо ҷои корӣ таъмин карда шуданд.
Ҷиҳати пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тибби вилоят як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Дар вилоят 3 беморхонаи касалиҳои сироятӣ якҷо бо шуъбаҳои сироятии беморхонаи марказии шаҳру ноҳияҳо бо 1030 кат фаъолият дошта, барилова 1700 кати захиравии карантинӣ омода карда шудааст. Ҳамзамон, 21 муассисаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо 5075 кат дар ҳолатҳои зарурӣ фавран омода карда мешаванд. Шуъбаҳои наҷот ва ҳуҷраҳои муолиҷаи интенсивии муассисаҳои нигаҳдории тандурустии вилоят бо дастгоҳи нафаси сунъӣ, оксигенератор, кардиомонитор, пулсоксиметр ва дастгоҳи оксигени тиббӣ пурра таъмин гардидаанд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба пешгирии касалиҳои сирояткунанда, корҳои безараргардонии маҳалҳо, ҷойҳои оммавӣ, нақлиёту толорҳо, муассисаҳои мактабию томактабӣ, бозорҳо пурзӯр карда шуда, нисбат ба пешгирии интиқол ва паҳншавии касалиҳои сирояткунанда тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимон мебошад.
Дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки шумораи бошандагони он 1804 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии маъюбон ба санаи 1-уми декабри соли ҷорӣ 47099 нафар, аз ҷумла маъюбони гурӯҳҳои 1,2,3 38944 нафар ва кўдакони маъюби то синни 18-сола 8155 нафар мебошад.
Шумораи нафақагирон 236683 нафар ба қайд гирифта шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба 121489 нафар, аз ҷумла, нафақаи меҳнатӣ ба 107702 нафар ва нафақаи иҷтимоӣ ба 13787 нафар, инчунин, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ба 115194 нафар, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 76287 нафар ва нафақаи давлатӣ ба 38907 нафар таъйин карда шудааст. Шумораи умумии нафақагирон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 644 нафар зиёд шуда, андозаи нафақаи миёна ба 305,20 сомонӣ баробар шудааст.
Дар вилоят 74773 оила ҳамчун оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд. Баҳри тақвияти кўмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҳамасола тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ пардохт шуда истодааст. Ба ҳолати 1-уми декабри соли 2022 ба оила ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи 27575640 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шудааст.
Бо назардошти хизматҳои бузурги иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаҳои ҷанговароне, ки дар ин ҷангҳо ҳалок шудаанд, шахсони дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ меҳнат карда, инчунин маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил кўмакпулии ҳармоҳа пардохт карда мешавад.
Дар 11 моҳи соли 2022 тибқи қарорҳои Раиси вилоят аз 6-уми январи соли 2021, №№4, 5, 6 ва 7 пардохти кӯмакпулӣ пешбинӣ гардида, то ин давра 1191500 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шуд.
Дар асоси қарори Раиси вилоят аз 25-уми апрели соли 2022, №142 “Дар бораи расонидани кӯмаки яквақтаи моддӣ ба муносибати 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” ба 18 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳаолкгардида 108000 сомонӣ, инчунин, ба 120 нафар шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на кам аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба маблағи 360000 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта расонида шудааст. Ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар ҳамаи мактаб-парваришгоҳҳои ҳудуди вилоят, хонаи пиронсолон дастархони идона ороста, тўҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сарпарастон тақдим гардиданд.
Инчунин, оилаҳои камбизоат, беморони барҷомонда, кўдакони маъюбу ятим аёдат карда, аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ ёфтанд. Дар маҷмӯъ, ба муносибати ҷашни Наврӯз, Иди Рамазон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди Қурбон, Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони камбизоат, бесаробонмонда, маъюбону ятимон, собиқадорони ҷангу меҳнат, бошандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ба маблағи зиёда аз 28 миллион сомонӣ кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд.
Вазъи соҳаи фарҳанг
Дар замони муосир таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди ватандўст маҳсуб меёбад.
Дар вилоят 362 китобхона, 133 муассисаи клубӣ, 6 клуби сайёр, 95 қаср, кох ва хонаҳои фарҳанг, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 осорхонаи таърихии вилоятӣ, 15 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 8 хона-музей, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 1 амфитеатр, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 2 филармонияи халқӣ, 64 ансамбл, 2 гурўҳи ҳаҷвӣ, 30 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 2 студияи сабти овоз, 3 радио ва 1 телевизиони маҳаллӣ фаъолият доранд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз онҳо 13 адад аҳамияти умумибашарӣ, 91 адад аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1086 адад аҳамияти маҳаллӣ доранд. Ин ёдгориҳо муаррификунандаи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардида, барои ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик мусоидат менамоянд.
Вобаста ба ин, баҳри таъмини рушди босуботи ин соҳа ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар карда мешаванд. Зеро фарҳанг ифодагари ҳастии миллат, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида инсоният барои таъмини дўстиву рафоқат ва ваҳдати байни қавму миллатҳо воситаи самараноктареро эҷод накардааст.
Дар муассисаҳои фарҳангии вилоят бахшида ба ҷашнҳои Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳ, Рўзи Модар, Рӯзи матбуоти тоҷик, Наврўзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳо, вохўриву суҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, намоиши театрикунонида, суҳбат дар атрофи мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, намоиши асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ гузаронида шуданд.
Бахшида ба Рўзи Модар дар Қасри маданияти Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарияти вилоят ва фаъолзанони шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҳунармандону санъаткорон ва гурўҳҳои рақсӣ чорабинии фарҳангӣ барпо гардида, ба ин муносибат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои тантанавӣ гузаронида шуданд.
Дар вилоят тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавӣ бинои муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо марҳила ба марҳила таъмиру тармим гардида, бо таҷҳизоти техникӣ, сарулибоси саҳнавӣ, асбобҳои мусиқӣ, мизу курсӣ муҷаҳҳаз шуда истодаанд. Инчунин, ҷиҳати ҳифз ва барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар соли ҷорӣ таваҷҷуҳ ба рушди соҳа бештар гардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Гулистон Муассисаи давлатии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Темурмалик” аз нав барқарор шуда, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон, сохтмони қасри фарҳанг дар шаҳри Истаравшан босуръат идома дорад. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати Қасри Арбоб майдони “30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд ёфта, санаи 16-уми ноябр бо баргузории чорабинии бошукӯҳ ифтитоҳ гардид.
Вазъи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш
Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳаи ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2829 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 49 варзишгоҳ, 1954 майдончаи варзишӣ, 622 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ, 8 маҷмааи варзишӣ ва 158 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.
Ҳамзамон, дар 11 моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 55 иншооти варзишӣ, аз ин 13 толор ва 1 маҷмааи варзишӣ, 34 майдончаи варзишӣ ва 7 майдонча барои бозии кӯдакон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 16465,9 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо ба маблағи 7992,0 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят фаъолияти 42 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 28 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 1 мактаби варзишӣ дар тобеияти кумитаҳои иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” ба роҳ монда шудааст.
Дар мактабҳои варзишӣ 1276 гурӯҳ бо фарогирии 16619 машқварзони наврасу ҷавон аз намудҳои олимпӣ ва 255 гурӯҳ аз намуди миллӣ бо фарогирии 3307 машқварзони наврасу ҷавон амал намуда, дар маҷмӯъ, 19926 нафар наврасу ҷавон, аз ҷумла 2353 нафар бону ҳамарўза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.
Аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо дастаи мунтахаби вилоят дар ҳайати 5005 варзишгар, аз ҷумла 1110 нафар бону, дар 116 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 1177 медали тилло, 963 медали нуқра ва 1215 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Ҳамзамон, варзишгарони вилоят дар ҳайати 620 нафар, аз ҷумла 58 бону дар ҳайати дастаи мунтахаб дар 58 мусобиқаи байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзишии вилоят 250 медал, аз ҷумла 75 медали тилло, 81 нуқра ва 94 биринҷӣ оварданд. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон, алалхусус сарбозону аскарон ба варзиш дар 11 моҳи соли равон 1656 чорабинӣ, ба монанди мулоқоту вохӯрӣ, фестивал, озмун, мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ доир гардиданд ва дар онҳо 151755 нафар ҷавонони синни тодаъватӣ ва афсарону сарбозон ширкат доштанд.
Дар маҷмӯъ, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар миқёси вилоят дар давраи ҳисоботӣ 11672 чорабинӣ баргузор шуда, дар чорабиниҳои мазкур иштироки 1217290 нафар ҷавонон таъмин карда шуд.
Вазъи соҳаи сайёҳӣ
Бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ як қатор имтиёзҳо дода шудаанд, ки ба рушди соҳа дар вилоят такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳамзамон, бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт, дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2021, №370, қарори дахлдори Раиси вилоят аз 5-уми октябри соли 2021, №475 дар таҳрири нав ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои солҳои 2019-2022 тасдиқ гардид. Дар ин замина имкон фароҳам омад, ки инфрасохтори соҳа зина ба зина таҷдиду азнавсозӣ карда шуда, сатҳу сифати хизматрасонии субъектҳои соҳа беҳтар гардад.
Ҳоло дар вилояти Суғд 41 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ–Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. Дар вилоят 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегирад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 91 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 61 меҳмонхона, 16 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 4 лагер, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии зиёда аз 7000 ҷой ба шаҳрвандон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Ҳамзамон, 40 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.
Натиҷаи омўзиши иқтидори сайёҳӣ нишон медиҳад, ки вилоят вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди саёҳати экологӣ мебошад, ки асоси онро табиати нодир, манзара, обҳои мусаффо, кўл ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғ, наботот, ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд.
Таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои саёҳати экологӣ имкон медиҳад, ки дастрасии гўшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон таъмин карда шавад. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва бедор намудани ҳисси ифтихори насли наврас аз табиати биҳиштосо ва таърихи пурғановати кишвар саёҳати хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ роҳандозӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ 38,2 ҳазор нафар ҷавонону наврасони вилоят бо мавзеъҳои таърихӣ шинос шуданд.
Сабақҳои андӯхтаи онон ба муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии мамлакат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус интернет, мусоидат хоҳад кард.
Дар ин давра аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилоят зиёда аз 133,8 ҳазор шаҳрванд, аз ҷумла 8 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ дидан намуданд.
Ҳамзамон, дар меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳо зиёда аз 92,6 ҳазор нафар табобату истироҳат карданд, ки аз онҳо наздик 11,2 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Дар ду муассисаи таълимии вилоят–Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва факултаи географияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ихтисоси менеҷменти сайёҳӣ кадрҳои соҳаи сайёҳӣ омода карда мешаванд.
Ширкатҳои сайёҳӣ дар самти сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, таърихӣ–этнографӣ, табобатӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводид, шиносномаи хориҷӣ ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ хизмат мерасонанд. Баҳри рушди сайёҳии воридотӣ низ ширкатҳои сайёҳӣ барои ташвиқу тарғиб, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкил намудани хатсайрҳои наву ҷолиби диққат фаъолияти худро равона менамоянд.
Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти соҳа сомонаи сайёҳии вилоят www.welcomesugd.tj фаъол гардида, бо 5 забон маводи зарурӣ ҷойгир карда шуданд. Барои манзур кардан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ харитаи сайёҳӣ, китоби роҳнамои сайёҳии вилоят “Туризм и ремесло” (Северный Таджикистан) бо забонҳои хориҷӣ таҳия ва нашр гардид. Инчунин, маҷаллаи “Tajikistan`s guide” дар таҳрири нав аз чоп бароварда шуд.
Вазъи соҳаи кор бо занон ва оила
Дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа, дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Бо мақсади бештар ҷалб намудани занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ, ба омўзиши касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон корҳои муайян ба иҷро расиданд.
Имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъол буда, дар таҳкими раванди рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят саҳмгузоранд. Аз шумораи умумии беш аз 1,4 миллион нафар занону духтарони вилоят 22610 нафар занони роҳбар ва 1093 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд.
Алҳол, аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 181 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 493 нафар вакилони халқи ҷамоатҳо интихоб гардидаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 18 доктори илм ва 322 номзади илм аз ҳисоби занон фаъолият доранд. Дар муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят 50499 нафар занон фаъолият дошта, аз онҳо 3061 нафар кадрҳои роҳбарикунанда ва 750 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд.
Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 25272 нафар занон фаъолият дошта, аз онҳо 441 нафар роҳбар мебошанд.
Дар вилоят 506 нафар гирандагони Стипендияи Президентӣ ва 85 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилоят аз ҳисоби занону духтарони болаёқату фаъол мебошанд. Боиси хушнудист, ки ҷавондухтарони деҳоти дурдаст, бахусус аз оилаҳои камбизоат таҳти ғамхориву сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, ҳамасола барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ Квота ҷудо карда мешавад. Айни ҳол аз шумораи умумии 23652 нафар донишҷӯдухтар 436 нафар тибқи Квота таҳсилро идома дода истодаанд.
Чун анъана тибқи қарори Раиси вилоят бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, рушди ҳунармандӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани занону духтарони ҳунарманд барои 60 нафар ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ гранти Раиси вилоят дода шуда буд, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти пурсамар намуданд.
Муроҷиати шаҳрвандон
Дар давраи ҳисоботӣ ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии дархосту муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 3264 муроҷиат ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 638 адад кам аст. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳо 771 адад шифоҳӣ, 2383 адад хаттӣ, 17 адад аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва 93 адад тавассути “Viber” ворид шудаанд.
Аз муроҷиатҳои воридгардида 708 адад ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замин, сертификати ҳуқуқи истифодабарӣ, баҳси замин ва ҷудокунии саҳм вобаста буда, муроҷиатҳои марбут ба гирифтани кўмаки моддию молиявӣ 358 адад, таъмири роҳ, нақлиёт ва алоқа 73, таъмин шудан бо манзил 379, таъмири манзил ва таъмин шудан бо масолеҳи сохтмон 171, масъалаҳои вобаста ба манзил ва баҳси манзил 133, муаммои соҳаҳои маорифу илм 104, фарҳангу маданият 73, таъминот бо ҷойи корӣ 39, нафақа 26, сафари ҳаҷ 6, нигаҳдории тандурустӣ ва таъминот бо доруворӣ 21, иқтисод, молия ва савдою соҳибкорӣ 44, таъминот бо оби нўшокию полезӣ 161, ҳимояи ҳуқуқ 312 ва дигар муроҷиатҳо 656 адад ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ин давра ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 880 муроҷиати шаҳрвандон ворид шуда, аз ҷониби сохторҳои масъул мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси вилоят ҳар ҳафта рўзи шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, масъалаҳои шаҳрвандон ҳал карда мешаванд.
Рафти татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»
Роҷеъ ба татбиқи Қонунҳои номбурда корҳои амалию ташкилӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва назоратию санҷишӣ ба иҷро расиданд.
Дар 11 моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20450 маъракаю маросим, аз ҷумла 15985 тўйи домодию арўсӣ, 4465 маъракаи азодорӣ, аз ҷумла 2738 маъракаи чил ва 1727 маъракаи сол баргузор гардиданд. Маблағи харҷи умумӣ барои баргузории ин чорабиниҳо 116,3 миллион сомониро ташкил дода, хароҷоти миёна барои як маърака 5687 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар арафа ва рўзҳои таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ хатнасури хайриявии 49 нафар кўдакон дар 6 маърака ва тӯйи домодию арӯсии 6 ҷуфт аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат дар 6 маърака бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастии корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон гузаронида шуданд.
Баҳри пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ аз ҷониби комиссияҳои муштарак давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ мунтазам рейдҳо гузаронида шуда, 164 ҳолати вайрон намудани қонунгузории танзим ошкор карда шуда, нисбат ба шахсони қонунро вайроннамуда ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шуд.
Айни ҳол, дар қаламрави вилоят дар асоси талаботи қонунгузории соҳа 924 иттиҳодияи динӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, теъдоди масҷидҳои ҷомеи марказӣ 13 адад, масҷиди ҷомеъ 91, панҷвақта 803 ва иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ 17 ададро ташкил медиҳанд.
Рафти иҷрои қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344 “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет”
Бо мақсади татбиқи “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилоят лоиҳаи “Автоматизатсиякунонии ҳуҷҷатгузорӣ дар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он барномаи махсус ва системаи дохилӣ иборат аз 22 нуқта бо ду сервер насб гардид. Ҳамаи нуқтаҳо бо интернети баландсуръат пайваст мебошанд. Байни аксари раёсату шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути шабакаи “Ҳукумати электронӣ” табодули иттилоот зина ба зина ба роҳ монда шуда истодааст.
Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят (www.sugd.tj) ва сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд–www.khujand.tj, Гулистон–www.guliston.tj, Бўстон–www.buston.tj, Спитамен–www.spitamen.tj, Конибодом–www.konibodom.tj, Ҷаббор Расулов–www.jabborrasulov.tj, Бобоҷон Ғафуров–www.gafurov.tj, Мастчоҳ–www.mastchoh.tj, Кўҳис-тони Мастчоҳ–www.kuhistoni-maschoh.tj, Ашт–www.mihdasht.tj, Панҷакент–www.panjakent.tj, Истаравшан–www.mihdistaravshan.tj, Шаҳристон–www.shahriston.tj, Истиқлол–www.mihd-istiqlol.tj, Айнӣ-ayni.tj, Зафаробод-zafarobod.tj ва Деваштич-devashtich.tj бо истифода аз домени “tj” мавриди истифодаи васеъ қарор дошта, робитаи мустақимро бо шаҳрвандон ба роҳ мондаанд.
Ҳамасола барои нигоҳдории сомонаи расмӣ дар буҷети шаҳру ноҳияҳо дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок пешбинӣ ва масраф карда мешаванд. Дар қаламрави вилоят 1 телевизиони давлатӣ, 1 радиои давлатӣ, 16 шабакаи телевизион ва 14 шабакаи радиои хусусӣ фаъолият доранд. Пахши барномаҳои телевизиони вилоят 18 соат ва радио 16 соат ба роҳ монда шудааст.Фарогирии пахши барномаҳои телевизиони “Тоҷикистон” 99,83 фоиз, “Сафина” 93,78, “Баҳористон” 87,44, “Ҷаҳоннамо” 83,79, “ТВ Суғд” 72,27, “рақамӣ” 71,21, барномаҳои радиои “1 ҶТ” 86,47, “2 ҶТ” (Овози тоҷик) 45,75, “3 ҶТ” (Садои Душанбе) 73,97, “Фарҳанг” 43,81 ва “Суғд” 37,63 фоизро дарбар мегирад.
Ҳамзамон, дар вилоят 50 рўзнома ва 6 маҷалла ба нашр мерасанд, ки аз он 21 рўзнома ва 1 маҷалла давлатӣ мебошад.
Дар доираи иҷрои барномаҳои давлатӣ вобаста ба рушди соҳаи иттилоот ва рақамикунонии иқтисодиёт номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ сол аз сол тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, дар соҳаи андоз системаҳои пешниҳоди ҳисоботи электронӣ пурра ҷорӣ шуда истодааст. Тавассути системаи бонкдорӣ номгӯи зиёди хизматрасониҳо дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ба тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар сатҳи якчанд шаҳраку деҳот ба тариқи пилотӣ системаи ҷамъоварӣ ва коркарди ҳисобот ба тариқи электронӣ татбиқ мегардад. Раванди густариши иқтисоди рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят дар доираи амалисозии “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” таҳким бахшида мешавад.
Вазъи соҳаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ
Имрӯз фазои сиёсии вилоят мӯътадил буда, дар ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ тадриҷан ба меъёрҳои асосии муносибат табдил меёбанд.
Дар заминаи ҳамкории пайваста бо ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ ва марказҳои маданӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки ҳар як зуҳуроти эҷодкунандаи монеа ба пешравии кишвар пайгирона аз байн бардошта шавад.
Имрӯз дар ин фазои мусоиди сулҳу ваҳдати кишвар фаъолон, адибон, олимон, занону ҷавонон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби экстремистӣ, радикализми сиёсиву динӣ, нашъамандӣ, хариду фурӯши одамон, фасодкорӣ, инчунин ташвиқу тарғиби падидаҳои беҳбуди таълиму тарбия, рушди маориф, тарзи ҳаёти солим корҳои назаррасро анҷом дода, обрӯю эътибори миллату давлатро баланд бардошта истодаанд.
Бо сарҷамъиву муттаҳидии сокинони вилоят чорабиниҳои бузурги сиёсиву фарҳангии ҷумҳуриявӣ дар вилоят дар сатҳи бошукӯҳу хотирмон доир гардиданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят тадбирҳои зарурӣ меандешад.