Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оқилзода Нурулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 феврали соли 2025
№АП-741

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Прокурори
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Раҳмон Ю.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва чанде аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Раиси ноҳияи Нуробод аз ҳисоби кадрҳои ҷавону дар хизмати давлатӣ варзида таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Данғара, Ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Ректори Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Директори Муассисаи таълимии давлатии Мактаб интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Муовини якум ва Муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор муассисаҳои навтаъсиси илмию тадқиқотии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 4 январи соли 2025 №1
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ҷӯразода Ҷ.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе озод намудани Одиназода М.Ҷ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Одиназода Мирзо Ҷалил аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 январи соли 2025
№884

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

4 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати корҳои хориҷӣ таъин шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” Зариф Мирдадо ва Даврон Зоҳидзода аз вазифаи муовинҳои раиси вилояти Суғд бо сабаби гузаштан ба кори дигар озод шуда, Файзулло Қосимӣ, Ҷамшед Ҷӯразода ва Зуфар Исмоилзода муовинони раиси вилояти Суғд таъйин гардиданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони нави шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бустон, Гулистон, Шаҳристон, Айнӣ ва Зафарободи вилояти Суғд аз ҳисоби мутахассисони ҷавони варзида таъин карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд

2 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд,  имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо», «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ», Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи фарҳанг», «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»  аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои баимзорасида ба рушди устувору босуръати иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, таъмини амнияти ҷомеа, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона шудаанд.