Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Италия” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ИСЕСКО Салим ал-Моликро ба ҳузур пазируфтанд

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Моликро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои фарҳанг, илм ва маориф бо шарикони байналмилалӣ, аз қабили ИСЕСКО таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.

Таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои омӯзиши мероси ғайримоддӣ, тарғиби ҳунарҳои суннатӣ ва таҳкими заминаҳои илмии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон омода аст, бо такя ба мероси ғании илмиву фарҳангии худ дар ҳамкорӣ бо ИСЕСКО ба рушди фазои фарҳангиву илмии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамчунин, соҳаи маориф минбаъд ҳам саҳмгузор бошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи СҲШ оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ Шэн Юэюэро ба ҳузур пазируфтанд

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот роҳҳои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин бар асоси усули ҳамсоягии нек изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дастгирии доимии якдигар, аз ҷумла ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар соҳаҳои обу иқлим, ҳамчунин, татбиқи онҳо таъкид карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок намуданд

30 май дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.

Дар маҳалли ҳамоиши сатҳи баланд — Кохи Сомони бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд, ҷамъ омаданд.

Чорабинӣ бо аксбардории якҷояи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки барои инъикоси конфронс беш аз 450 хабарнигори васоити ахбори оммаи дохилу хориҷ, аз ҷумла 150 рӯзноманигор аз расонаҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Мубодила

Олиҷанобон, муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Шуморо ба Тоҷикистон, ки нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ мекунад, самимона хайрамақдам мегӯям.

Ин Конфронс қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад.

Ҳамоиши имрӯза барои табодули афкор вобаста ба ин мавзӯи ҳаётан муҳим, инчунин, истифодаи оқилонаи захираҳои об арсаи муколамаи судмандро фароҳам меоварад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд

29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ рӯзномаи ҷории равобити ду кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо саҳми Покистонро дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим қадр мекунем.

Аз рушди бемайлони муносибатҳои кишварҳо изҳори қаноат карда шуда, муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар заминасози ин раванд номида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф мулоқот намуданд

29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, ки бо сафари расмӣ ва бо мақсади иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо аз раванди рӯ ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва алоқаманди рушди минбаъдаи онҳо ҳастем.

Ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.