Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини пас аз рух додани заминҷунбии рӯзи 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи ҳукуматии иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарадида машғуланд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷм ва роҳу воситаҳои расондани кумак ба мардум ва бартараф намудани пасомадҳои ин офати табиӣ бояд ҳарчи зудтар муайян карда шуда, ба корҳо барои бартараф намудани мушкилиҳои пешомада суръат бахшида шавад.