Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиаҳ Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд

29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбанаро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо саҳми Созмон, махсусан ниҳоди иқтисодию иҷтимоии онро дар рушди бахшҳои мухталифи кишварҳо муҳим медонем.

Ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир, аз ҷумла рӯзномаи обу иқлим ва қабули қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар мавзӯи “Тақвияти ҳамкорӣ дар масоили обу иқлим дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд

29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо туфайли ҳамкории босамари Тоҷикистону Созмони Милал ташаббусҳои кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ ёфтаанд.

Ба масъалаҳои рӯзномаи нахустин конфронси сатҳи баланд оид ба пиряхҳо, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

29 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳия шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид Кетрин Мери Расселро ба ҳузур пазируфтанд

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид — ЮНИСЕФ Кетрин Мери Расселро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки давоми 30 соли ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барномаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат, солимии ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак амалӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро ба ҳузур пазируфтанд

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Гамбия баррасӣ шуд.

Густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ муҳим дониста шуд.

Ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, илмӣ, таҳсилотӣ ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ амри зарурӣ арзёбӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг мулоқот намуданд

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Осиёии рушдро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд номиданд.

Таъкид гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ портфели маблағгузории Бонк 190 лоиҳаро ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 миллиард доллар дар бар гирифтааст ва ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо нақши муҳим доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро ба ҳузур пазируфтанд

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳхо баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро хайрамақдам гуфта, барои дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи пиряхҳо, изҳори сипос карданд.