24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии «БРИКС+» ва «БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар суханронии худ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва воқеияти кунунии вазъи байналмилалӣ ҷалб карданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯз муттаҳидсозии кӯшишҳо барои таъмини сулҳи пойдор, амну субот ва рушди устувор беш аз ҳарвақта зарур аст.
Дар ин зимн Сарвари давлати мо аз пешниҳоди нави худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус – «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ёдовар шуда, изҳори умед намуданд, ки ин ташаббус мавриди тарафдории ҳамаҷониба қарор хоҳад гирифт.



24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+” бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд.
23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Федератсияи Русия шуданд.
23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия сафар намуданд.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Прабово Субианто барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Ҳамватанони азиз!
17 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд.
