ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи судяи суди шаҳри Истаравшани
вилояти Суғд озод намудани Дилмуродзода З.Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Дилмуродзода Зуҳро Наҷмидин бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
12 августи соли 2024, №845