9 апрел дар деҳаи Некноти нави шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода хатти оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тибқи иттилои масъулин, лоиҳаи иншооти обрасонӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, шарикони рушд ва саҳми сокинон бо харҷи беш аз 1 миллиону 820 ҳазор сомонӣ амалӣ гардидааст. Дар натиҷа 1300 нафар аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуданд.



Муҳтарам кормандони соҳаи иқтисодиёти вилоят!

