Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ шинос шуд.

Бунёди корхонаҳои нав дар шаҳри Истаравшан

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони як қатор корхонаҳои нави саноатӣ шинос шуда, ба бунёди хатҳои нави истеҳсолӣ санги асос гузошт.

Дар Истаравшан ба сохтмони маҷмааи хизматрасонӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсолӣ санги асос гузошта шуд

Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба сохтмони Маҷмааи биноҳои бисёрфунксионалии хизматрасонӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсолӣ санги асос гузошта шуд.

Дар Хуҷанд корҳои мумфаршкунии кӯчаи Баҳром Фирӯз оғоз гардид

Бо дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома доранд.