Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қуттиҳои картонии Қоғази тоҷик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд.
Иншоот марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қуттии тоҷик” буда, бо ҳадафи татбиқи саноаткунунии босуръати кишвар аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд шудааст.

Ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин бо 300 ҷойи нишаст баъди азнавсозӣ

29 март нахуст дар шаҳри Бӯстон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозиии пурра бо 300 ҷойи нишаст бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.

Истиқболи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

25 марти соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид бинои нави “Меҳмонхона”-и Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд.
Зимни ифтитоҳи иншоот таъкид гардид, ки бунёди он дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба беҳтар намудани шароити хизматӣ ва будубоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудааст.