20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар доираи лоиҳа 6 гидроагрегат ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори истеҳсол дар он 60 МВт зиёд карда шуд.
Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирини он соли 1956 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба кор дароварда шуда буд.
Дар тули 69 соли фаъолият, гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии неругоҳ куҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он то 12 МВт коҳиш ёфта буд.



19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд.
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гимназияи хусусӣ, 4 корхонаи истеҳсолӣ ва гармхона бо ҳавзҳои моҳипарвариро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд.
