Дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хатти нави истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Ассор” ба истифода дода шуд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки ҷамъияти мазкур фаъолияти бисёрсамтаро ба роҳ монда, нақши муассир дар рушди саноати минтақа дорад. Бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар назди ҷамъият коргоҳи коркарди аввалияи пахта таъсис ёфтааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона, ки иқтидори коркарди то 10 ҳазор тонна пахтаро дар як сол доранд, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, пурра васлу насб ва барои фаъолият дар соли 2025 омода шудаанд. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки аз пахтаи воридшуда то 38 фоиз нахи пахта ва то 55 фоиз чигит истеҳсол гардад. Корхона бо хоҷагиҳои хурду бузург шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, кишоварзонро дар марҳилаҳои кишт ва парвариш дастгирӣ менамояд.