Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки масъулини соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ, институтҳои лоиҳакашӣ, ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, идораи замин ва дигар шахсони масъул машварати корӣ баргузор гардид

Дар оғоз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар баробари беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ фароҳам ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ афзун мегардад. 

Зимни ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулин ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла риояи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ, истифодаи санъати миллии меъморӣ ҳангоми бунёди иншооти ҷашнӣ, эҳёи маҳаллаҳои таърихӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ҷалб карда шуд. 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд

20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд.

Иншоот бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки фаъолияташ ба хизматрасонӣ ва дастгирии техникии ҳавопаймоҳо вобаста мебошад, дар масоҳати 936 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои қаблии хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки дар солҳои 50–60-уми асри гузашта сохта шуда буд, аз сабаби фарсуда гардидани инфрасохтор дигар ҷавобгӯи талаботи замони муосир набуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз, Кучкак-Конибодом дар масофаи 52 км дар доираи Барномаи Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалӣ карда мешавад, бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо арзиши 56 миллион доллар бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом 11 пули мошингузар, 17 истгоҳ, деворҳои оҳану бетонӣ, хатҳои барқ ва алоқа аз ҳарду канори роҳ, пиёдароҳҳо аз тахтасанг, панҷараҳои ҳимоявии канори роҳ, насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти ёрирасон мувофиқи лоиҳа бунёд гардид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд

20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ» ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд. 

Аввалин иншооте, ки ба тариқи маҷозӣ ба истифода дода шуд, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти ором” дар деҳоти ба номи Дадобой Холматов мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.

Дар ин корхона, ки 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд, дар як шабонарӯз 100 ҳазор дона хишт истеҳсол карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

20 ноябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Зафарзода бунёд шуда, дорои хатҳои мусоири истеҳсолӣ мебошад.

Дар коргоҳ дар як рӯз бо коркарди қариб 2,5 тонна ашёи хом истеҳсоли 155 ҳазор адад маҳсулоти тайёри пластикӣ, ки дар шароити имрӯза барои рӯзгори аҳолӣ ва рушди соҳаи саноати кишвар зарурати бештар дорад, истеҳсол карда мешавад.