3 ноябр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту идораҳо, фаъолону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки 28-сол муқаддам мардуми Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Конститутсия барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошта, роҳи минбаъдаи рушди ҷомеаи кишварро дар ҷодаи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян намуданд.