
25 ноябр дар назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ ва қадршиносии ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ ба ноҳияҳое, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд, электромобилҳои муосир тақдим гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, диққати махсус зоҳир менамояд. Истифодаи усулҳои нави инноватсионӣ, тухмиҳои серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникӣ имкон дод, ки пахтакорони Суғд соли равон дастовардҳои худро афзоиш диҳанд.
Тибқи маълумоти оморӣ то санаи 25 ноябр дар вилояти Суғд 118 ҳазору 223,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки беш аз 90 фоизи нақшаи солона буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 40 ҳазор тонна зиёд мебошад.








