Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров

15 октябр лар доираи баргузории аввалин "Форуми сулҳи Фарғона” дар шаҳри Фарғона мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо таҳкими робитаҳоро натиҷаи сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ карда, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, баргузории семинару машваратҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин рушди сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ равона гардид.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бунёди корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид

16 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба бунёди корхонаи нави саноатӣ санги асос гузошта шуд.

Тибқи иттилои масъулон корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк бо номи “Фуд Агро Суғд” дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи саноат бунёд меёбад. Дар асоси пешбинӣ корхона соли оянда ба истифода дода шуда, барои 100 нафар шаҳрванд ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фуд Агро Суғд” инчунин нақша дорад дар шаҳри Конибодом дар масоҳати 500 гектар боғи нав бунёд намояд. Татбиқи ин ташаббус имконият медиҳад, ки ҷамъият бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ раванди пурраи коркард ва бандубасти меваҳоро ба роҳ монда, маҳсулотро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ барорад.

Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар "Форуми сулҳи Фарғона"

15 октябр дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин "Форуми сулҳи Фарғона" баргузор гардид, ки ҳадафи он таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Айбек Шаменов, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, инчунин соҳибкорон ва намояндагони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳии форум ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро дар таҳкими дӯстии халқҳо ва рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки баргузории ин форум дар асоси созишномаҳои байниҳукуматии сарони се давлат, ки 31 марти соли ҷорӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буданд, сурат гирифт ва изҳори умед кард, ки натиҷаҳои форум дар таҳкими ҳамкориҳои минбаъда нақши назаррас хоҳанд дошт.

Татбиқи лоиҳаҳои муҳимми обрасонӣ ва навсозии хатти ташноб дар Хуҷанд

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои навсозӣ ва сохтмони инфрасохтори муҳими коммуналӣ бо маром идома доранд. 

Дар ин замина бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, меъморон, лоиҳакашон ва масъулони соҳаи обу корезии шаҳр лоиҳаи сохтмони шабака ва пойгоҳи партовоббардории соҳили рости шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати “Муҳандисони ояндасоз” таҳия гардида, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мегардад. Мутобиқи нақша, тамоми хатти ташноб дар соҳили рости шаҳр ба масофаи 11 километр пурра навсозӣ хоҳад шуд. Барои ин лӯлаҳои қутрашон аз 800 то 1200 миллиметра насб мегарданд.

Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

Нимаи дуюми рӯзи 14 октябр дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҷамъоварии пахта, кишти тирамоҳии ғалла, пиёзи барвақтӣ, сабзӣ ва шолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуда, доир ба раванди иҷрои нақшаҳо ҳисобот доданд.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди тирамоҳ бояд ҷамъоварии пахта бо суръат ва сифати баланд ба анҷом расонида шавад. Ҳоло дар навоҳии пахтакор ҳосили зиёд боқӣ мондааст ва обу ҳавои хуби фасли тирамоҳ имконият медиҳад, ки дастранҷи деҳқонон беталаф ҷамъоварӣ гардад.