Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Сокинони шарафманди вилоятро бо 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва сарчашмаи асосии рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад, сидқан шодбош мегӯям.

Ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ қабул гардид

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли эҳтиром Шумо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, меъмори воқеии сулҳу ваҳдат, бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва сиёсатмадори маъруфи сатҳи ҷаҳониро ҷиҳати аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036”, ки аз бузургӣ, фарҳанги воло, сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик ва сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи Шумо - Пешвои муаззами миллат башорат медиҳад, аз номи худ ва сокинони сарбаланди вилояти Суғд сидқан табрику муборакбод гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар иҷрои рисолати роҳбарии халқу миллат дастоварду муваффақиятҳои пайваста таманно дорам.

Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”

Бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати ми

Ҳамватанони азиз!
Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад.
Дирӯз ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.