Боздиди соҳибкорони Россия ва Фаронса аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ

10 апрел гуруҳи соҳибкорон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Фаронса аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, ки дар Боғи миллии "Ваҳдат" ташкил карда шуд, боздид  намуданд.

Зимни муаррифии маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда маълумот дода шуд, ки дар Суғд беш аз 700 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла, дар 3 моҳи соли 2022 ба маблағи 5,4 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Бархе номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, аз ҷумла нӯшокиҳои гуногун, шириниҳо ва хушкмеваву афшураи он ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Патрик Хоффман

10 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Фаронса Патрик Хоффманро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят ба соҳибкор доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дод.

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов

Рӯзи якшанбеи 10 апрел ҳайати соҳибкорони вилояти Липетски Федератсияи Россия бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов ба вилояти Суғд ташриф овард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқоти дуҷониба бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ кард, ки сафари навбатии соҳибкорону масъулони вилояти Липетск ба вилояти Суғд ба ҳамкориҳои дуҷониба такони нав хоҳад бахшид.

Дар ноҳияи Зафаробод 140 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд

Дар ноҳияи Зафаробод бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ як пойгоҳи хурди обкашӣ фаъол ва 140 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд. Дар ин бора имрӯз, 9 апрел зимни сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод иттилоъ дода шуд.

Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Зафаробод дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, ташкили боғҳои интенсивӣ ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ дар 150 гектар замин, ки солҳои зиёд инҷониб бекор хобида буд, боғҳои нави себ, олу ва чормағз бунёд карда шуд.

Баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Чун анъана имрӯз дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур боздид намуд ва барои бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ ба масъулини Сарраёсати кишоварзӣ ва дигар сохторҳои марбута супоришҳо дод. Таъкид карда шуд, ки ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам доир шуда, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом таъмини  фаровонии дастархони мардум мебошад.