Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Маркази табобати дандон, коргоҳи истеҳсоли мебел ва дӯзандагиро ба истифода доданд

14 апрел дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази табобати дандон, коргоҳи истеҳсоли мебел ва дӯзандагиро ифтитоҳ карданд.

Мутахассисони баландихтисоси Маркази табобати дандон дар бинои 6-ошёна ба муроҷиаткунандагон дар шароити муосир хизмат мерасонанд. Иншооти соҳаи тандурустӣ дорои таҷҳизоти замонавӣ барои ташхису табобат буда, дар ин ҷо дар як вақт барои гузаронидани ҷарроҳии ҷоғу рӯй, барқароркунӣ, гузоштани дандонҳои сунъӣ ва дигар табобати вобаста ба дандон шароит фароҳам аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи томактабии «Маърифатпарвар»-ро ифтитоҳ намуданд

14 апрел дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар”-ро ифтитоҳ карданд.

Иншооти соҳаи маориф дар заминаи дастгирии Ҳукумати мамлакат дар самти фаъолияти бахши хусусӣ аз тарафи соҳибкор Муаззамхон Ансорӣ сохта шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи «Панҷакент плаза»-ро ба истифода доданд

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи “Панҷакент плаза”-ро ба истифода доданд.

Меҳмонхонаи замонавии “Панҷакент плаза” дар асоси нақшаи генералии шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Далер Ҳамроқулов бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати баланди меъмории миллӣ ва унсурҳои шаҳрсозии замони имрӯза сохта шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент бинои таваллудхонаро ифтитоҳ карданд

14 апрел дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи “50-солагии Тоҷикистон”-и шаҳри Панҷакент бинои Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳр”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои таваллудхонаи шаҳрӣ барои 80 кат пешбинӣ гардида, шароити хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.

Истиқболи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маркази шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун бо меҳру муҳаббат ва самимияти хосса пешвоз гирифтанд.