15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли асфалти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи истеҳсоли асфалт бо технологияи замонавӣ дар доираи Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён дар масоҳати як гектар бунёд карда шудааст.



15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷм дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдпак» оғоз бахшиданд.
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд идома дорад.
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
