Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти Фермаи чорвои калон оғоз бахшиданд

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт, баъд аз ба истифода додани биноҳои беморхонаи ноҳиявии №5, дар шаҳраки Шайдон ба фаъолияти Фермаи чорвои калон оғоз бахшида, аз намоиши соҳаи чорводории ноҳия ва дастовардҳои чорвопарварони минтақа дидан намуданд.

Фермаи чорвои калони шохдор аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Зайлобиддин Мақсудҷонов дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Хоҷагии зотпарварии ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов” ташкил ва барои парваришу нигоҳубини 200 сар чорво пешбинӣ гардидааст. Хоҷагии зотпарварӣ дар як гектар замин доман паҳн карда, аз се соябони гуногунҳаҷм, ки дар маҷмӯъ 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳанд, иборат мебошад. Иншооти мавҷуда мувофиқ ба талаботи ҷории парвариши чорво бунёд гардида, бо шароити зарурии чорводорӣ таъмин мебошад. Айни замон дар ферма 15 нафар бо кор таъмин шудаанд ва бо назардошти васеъ гардидани фаъолияти ферма, шумораи коргарон низ зиёд хоҳад шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бинои Беморхонаи ноҳиявии рақами 5-ро мавриди истифода қарор доданд

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳия Ашт, дар деҳоти Понғоз бинои Беморхонаи ноҳиявии рақами 5-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос гардиданд.

Беморхона аз се бинои дуошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 80 кати хоб дар асоси санъати меъмории миллӣ ва муосир дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт нахуст, дар маҳаллаи Кӯҳсори деҳоти Понғоз хати оби полезиро мавриди истифода қарор дода, ба бунёди боғи интенсивии «Ибрат» оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ «Орди фатир»-ро мавриди истифода қарор доданд

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли 30 намуд макаронро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” мавриди истифода қарор доданд.

Бояд гуфт, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” тасмим гирифт, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бахусус навъҳои гуногуни макарон оғоз намояд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави таълимиро дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 ифтитоҳ карданд

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави таълимиро барои 840 нафар хонанда дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 ифтитоҳ карданд.

Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 яке аз иншооти таълимии куҳантарин дар ноҳия мебошад, ки солҳои сиюми асри гузашта сохта шудааст.