Маросими кушодашавии Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022"

17 июни соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмонон ва иштирокдорони чорабинии муҳими сатҳи минтақавиро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори ҳаштум аст, ки ташкил карда мешавад. Сол аз сол зиёдшавии теъдоди иштирокдорони ярмаркаи байналмилалӣ гувоҳи он аст, ки сатҳу нуфузи чорабинии минтақавӣ боло меравад.

Соҳибкорони вилояти Липетск ниҳол шинониданд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ бо Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия дар боғи назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ниҳол шинониданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Анатолий Голтсов бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои судманди вилоятҳои Суғд ва Липетск ниҳолеро, ки меҳмонон аз Липетск оварда буданд, шинонида изҳори боварӣ карданд, ки ниҳол - рамзи дӯстии ҷонибҳо ба дарахти бузург табдил хоҳад шуд.

Оғози Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо"

Субҳи имрӯз, 17 июн дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо" оғоз ёфт.

Дар кори Форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахонов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон, беш аз 400 нафар соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон иштирок доранд.

Раиси вилояти Суғд директори генералии ширкати "Хуавей" Ма Тянро ба ҳузур пазируфт

Ширкати маъруфи "Хуавей"- и Ҷумҳурии мардумии Чин маҳсулоти худро дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" ба намоиш мегузорад. Дар ин бора зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии ширкат Ма Тян иттилоъ дода шуд.

Дар суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкориҳои самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ карданд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко

Таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар суҳбати самимии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мулоқоти ҷонибҳо имрӯз, 16 июн доир шуд ва ҷаноби сафир барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" ба Хуҷанд омад.