Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Донишҷӯёну хонандагони гиромӣ!
Дар остонаи ҷашни мубораки солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф, хонандагону донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш –оғози соли таҳсили нав самимона табрику муборакбод мегӯям. Рӯзи дониш имсол дар марҳилае таҷлил мегардад, ки мардуми шукргузор аз сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бо як ҷаҳон ифтихору саодат барои истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму талошҳои бунёдкорона омодагӣ мебинанд.



30 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Боғпарварӣ яке аз шуғлҳои сердаромад ва асосии кишоварзони ноҳияи Шаҳристон буда, дар ин минтақаи хушбоду ҳавои вилоят асосан себ истеҳсол карда мешавад.
Дар ноҳияи Шаҳристон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва карамро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
30 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рақами 11 ва 20 иштирок намуд.
