Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони Михаил Горбачёв изҳори таслият намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони собиқ Президенти ИҶШС Михаил Горбачёв изҳори таслият намуданд, ки дар он омадааст:

«Хабари даргузашти Михаил Сергеевич Горбачёв боиси андӯҳи мо гардид.

Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандон ва наздикони марҳум иброз намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои оғози сохтмони бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе асос гузоштанд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи тарҳи бунёди бинои филиали донишкада шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи рушди идоракунии Сингапур дар асоси мулоқотҳои дуҷониба ва мувофиқаи тарафҳо бо мақсади ифтитоҳи Фиилиали мазкур дар Тоҷикистон 1 июли соли 2020 “Ёддошти тафоҳуми ҳамкории академӣ” ба имзо расонида шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём»-ро ба истифода доданд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Даргоҳи нави маърифат дар кӯчаи Ҷаббор Расулов дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро ифтитоҳ намуданд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи чорабиниҳои идона ба муносибати солгарди 31-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар остонаи оғози соли нави таҳсил дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави муассисаи таълимӣ, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст, барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саидиён ЛТД” дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби хоси сохтмонию меъморӣ ба анҷом расонидаанд.