Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан шуъбаи Раёсати КДАМ-ро ифтитоҳ карданд

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.

Таъкид гардид, ки бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан»-ро ифтитоҳ ва аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд

10 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нави нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ки самти асосии фаъолияти он ба истеҳсоли ҷӯроб, либоси мактабӣ ва либосҳои фармоишӣ равона гардидааст, аз ҷониби муассис ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан” Исроил Яқубов дар доираи дастгириҳои доимии роҳбарияти олии сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи корхонаи бисёрсоҳавии саноатии ҶДММ «Шарафи рӯз»

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Дар шаҳри Истаравшан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарафи рӯз”-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот дар он шинос гардиданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд боздид намуданд

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои меваю сабзавот боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзони меҳнатқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, самараи меҳнати худро ба маъраз гузоштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боғи себ ва бодоми Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дидан намуданд

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боғи себ ва бодоми Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дидан намуданд.

Боғи себ 5,21 гектарро ташкил дода, дар он асосан навъи самаренко, ки маъмултарин намуди себ ба ҳисоб меравад, парвариш меёбад. Дар ин масоҳат ниҳолҳои себ 1400 бех буда, бо андозаи 6 бар 6 шинонида шудаанд. Ин тарзи анъанавии бунёди боғ мебошад. Алҳол боғи себ ғарқи ҳосил аст ва меваи он моҳи сентябр пурра пухта мерасад.