28 майи соли 2022 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рўзи Қўшунҳои сарҳадӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад сарбозону афсарони шуҷои Қўшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳро бахшида ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик намуд. Қайд карда шуд, ки Қўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як муддати кўтоҳ дар ҷои холӣ, бе ягон базаи моддию техникӣ таъсис дода шуда буд, ба як воҳиди мукаммали дорои иқтидори мудофиавӣ табдил ёфта, вазифаи пуршараф ва муқаддаси дар наздаш гузошташуда, яъне ҳифзу ҳимояи марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона адо намуда истодааст.