8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карданд.