Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри «Куксарой» Ҷумҳурии Узбекистон

2 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри «Куксарой» сурат гирифт.

Меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд

2 июн дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар боғи «Узбекистон нав» дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият» гулчанбар гузоштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва Раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортикхоҷаев ҳамроҳӣ карданд.

Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон

2 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканд — пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олимақом- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Соли равон аз Конфронси Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Стокголми Шветсия баргузор гардида, ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист асос гузошт, 50 сол сипарӣ гардид.

Ба ин муносибат, фарорасии Рӯзи байналмилалии муҳити зистро барои кормандони соҳа, муҳофизону дӯстдорони табиат ва кулли мардуми сарбаланди вилоят самимона шодбош гуфта, ба ҳамагон хотирҷамъӣ, осмони софу беғубор ва дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон

2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.