Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ собиқадорони меҳнат Мирзоҳасан Бобоев ва Назар Идиевро аёдат кард.
Мирзоҳасан Бобоев собиқадори хизмати давлатӣ буда, солҳои зиёд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар ниҳодҳои давлатӣ кор кардааст.
Назар Идиев собиқадори соҳаи маориф аст ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст.



Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳия шинос гардид.
13 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Валиғонди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба истифода дода шуд.
13 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маросими баистифодадиҳии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 иштирок намуд.
