ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи Модар

7 марти соли 2022

Модарону бонувони гиромӣ!

Хоҳарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рўзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рўзгори босаодат орзу менамоям.

Рӯзи Модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад.

Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази вилоят

5 март бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Зиёда аз 300 нафар рўбандаю покизакорон ва гулпарварон аз кўмакҳои ғизоӣ бархўрдор шуданд

Имрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба Рӯзи Модар ба зиёда аз 300 нафар рўбандаю покизакорон ва гулпарварони маркази вилоят кўмакҳои ғизоӣ  тақдим карда шуд.

РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Модарону бонувон дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд

4 марти соли 2022 дар Қасри Арбоб ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши бузурги идона баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ​ тамоми модарону бонувони вилоятро бахшида ба Рӯзи Модар табрик гуфта,​ барояшон​ ​ хушбахтиву иқболи нек, толеъи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу намуд.