26 июн дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» бахшида ба 90-солагии собиқадори соҳаи тандурустӣ, профессор Бахтиёр Ахмедов конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи номаи табрикотии худ иброз дошт, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва шоистаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми бориз гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад. Зеро ҳар амали созандаи имрўзиён ин ояндаи худи мо, ояндаи фарзандони мо ва фардои дурахшони наслҳои халқи тоҷик буда, давлату ҳукумат дар ҳама давру замон заҳмати фарзандони барўмандашро қадр менамояд.



Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сармоягузорону тоҷирони Ҷумҳурии Кореяро, ки бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2023" ба вилоят омаданд, ба ҳузур пазируфт. 
Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд.
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии асосии роҳи яке аз кӯчаҳои микроноҳияи 30-юми маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд оғоз бахшида шуд.
