21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомади идона ва дар шахси онҳо мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи Наврӯзро ба ифтихори ин ойини бостонӣ самимона табрик гуфтанд.