14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров иштирок карданд.



Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳия шинос гардид.
13 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Валиғонди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба истифода дода шуд.
