Шаҳри Бӯстон аз минтақаҳои саноатии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз ҷониби соҳибкорону ширкатҳои истеҳсолӣ дар шаҳр ҳамасола корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегардад. Айни замон низ дар шаҳр сохтмону муҷаҳҳазсозии корхонаҳо идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳр бо рафти васлу насби таҷҳизот дар корхонаи наве, ки бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст, шинос шуд. Дар корхонаи нав истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба роҳ монда шуда, дар он то 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти муосири корхона аз Ҷумҳурии мардумии Чин харидорӣ ва ворид карда шуда, рӯзҳои наздик корхона пурра омода мегардад.



Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мутобиқи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
6 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
6 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи ресандагии “Арвис Зелал Текстайл”, собиқ корхонаи “Олим-Текстайл"-и ноҳияи Мастчоҳ боздид намуд.
