Раиси вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқадорони меҳнатро аёдат кард

12 декабр зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла ба манзили собиқадори соҳаи маориф Абдуҷалил Саидов, собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Гулсуной Мирзоғафурова, Хушбахт Хуррамов ва Аҳмадҷон Тоҳиров ташриф оварда, бо пирони кор суҳбатҳо анҷом дод.

Зимни аёдат қайд карда шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли шахсиятҳое, ки барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, хабар мегирад. Собиқадорони меҳнат барои таваҷҷуҳу ғамхориҳо миннатдории худро баён доштанд.

Боздид аз гармхона ва шиносоӣ бо лоиҳаҳои бунёди токзори нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

12 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо фаъолияти гармхонаҳо шинос шуд ва барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти тару тоза ба масъулин супоришҳо дод.

Бояд таъкид кард, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ ва дастрасии сокинон ба маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гармхонаҳо тавваҷҷуҳи алоҳида зоҳир мегардад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 205 адад гармхона мавҷуд буда, дар онҳо помидор, бодаринг, кашниҷу кабудӣ, инчунин гулҳои ороишиву мавсимӣ, лимӯ парвариш карда мешавад. Имрӯзҳо майдони кишт дар гармхонаҳо зиёда аз 17 гектарро ташкил дода, ҳосили он ба бозорҳои истеъмолӣ роҳ ёфтааст. Дар мавсими нави кишту парвариши сабзавот ва дигар зироат дар ноҳия 160 тонна помидору бодаринг, 75 тонна лимӯ ва 20 тонна дигар маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Инятсио Кассис барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Инятсио Кассис барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати фаро расидани 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария бипазиред.

Ба навоҳии пахтакор 7 автомашинаи хизматӣ супорида шуд

10 декабр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбасти маъракаи пахтасупорӣ ва қадршиносии кишоварзони навоҳии пахтакор баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.

Дар вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахта 100,1 % иҷро гардид

Кишоварзони вилояти Суғд бо меҳнати фидокорона ва талошу заҳмати аҳлона нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.

10 декабр сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи пахтакорони вилоят "Муждаи зафар"-ро расонида, хабар дод, ки 9 декабр нақшаи истеҳсоли пахта 100,1 фоиз иҷро гардид.

Кишоварзони вилоят соли равон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати кишти пахтаро ба 57159 гектар расонида, уҳдадор шуда буданд, ки 133 800 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ намоянд.