Оғози кишти пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба кишти пахта оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят бо ҳамроҳии пирони кор ва кишоварзони ноҳия дар Ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ба кишти пахта оғоз бахшида, барои истифодаи самараноки замин, сари вақт ба анҷом расонидани кишт, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол дар беш аз 8 ҳазор гектар пахта кишт хоҳад шуд.

Ба биноҳои нави таълимии Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи тиббии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд санги асос гузошта шуд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони биноҳои нави таълимии Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи тиббии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд санги асос гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари лоиҳаи бинои нави таълимии Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои маъмурии сохташаванда аз таҳхона ва шаш ошёна иборат ва дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ дар назар дошта шудааст. Дар бинои мазкур ошхона, хобгоҳ, 17 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ барои 500 нафар, утоқҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Интизор меравад, ки иншооти мазкур дар моҳи сентябри соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Мулоқот бо соҳибкорон ва саноатчиёни вилояти Суғд

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бо соҳибкорон ва саноатчиён баргузор шуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки соҳибкорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб рафта, ба рушди он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аҳамияти хоса дода мешавад.

Боздиди гуруҳи корӣ аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

23-юми марти соли 2023 соати 1:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад.

Маркази ҷунбиши қишри замин дар 6-7 километрии деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ба чанд деҳа хисорот расид.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Коммисияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои заминларза таъсис дода шуд.

Мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон масъалаҳои марзиро дар доираи муносибатҳои дипломати ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҳаллу фасл намуда, барои зиндагии осоиштаи ба мардуми назди марзӣ талош меварзанд. Дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизил-Бел"- Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд баргузор гардид. Гурӯҳҳои кориро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбоев роҳбарӣ намуданд. 

Дар мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарҳадот, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ботканд ва Лейлек ширкат варзиданд. 

Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид гардид, ки ба масъалаи таъмини зиндагии орому осуда ба мардуми назди марзӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳифзи субот дар марз минбаъд низ таваҷҷуҳ равона карда мешавад.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз супориш дода шуд, ки дар байни мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ по роҳандозӣ намоянд. Мардуми назди марзӣ ба ҳар гуна хабарҳои носанҷида ва иғвоангез бояд дода нашаванд ва одоби неки ҳамсоядориро риоя намоянд.

Таъкид гардид, ки бо супориши сарони ду кишвар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба делемитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани хатти сарҳад натиҷаҳои хуб ба даст омада истодааст.

Дар мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғду Ботканд масъалаи истифодаи обу замин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуданд 

 Раиси вилояти Суғд ва вилояти Ботканд мардуми ду вилоятро бо фарорасии Наврӯзи байналмилал таҳният намуда, изҳори умед карданд, ки сокинони назди марзӣ дар фазои орому осуда кору зиндагӣ намуда, барои пешрафту бунёдкорӣ саҳм мегузоранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд