Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии собиқадорони меҳнат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд чанде аз собиқадоронро аёдат намуд.
Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф Файзӣ Ғафурова ва Тавҳида Баҳриддинова, ки аввалӣ 40 сол ва дуюмӣ 50 сол собиқаи корӣ дошта, дар тарбияи насли наврас умри худро бахшидаанд, хабар гирифт. Дар суҳбат бо собиқадорон роҳбари вилоят аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф ва саҳми бонувони соҳибтаҷриба дар таълиму тарбияи шогирдон ёдоварӣ карда, ба собиқ омӯзгорон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.



Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ширкати ««B.A Holding»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт.
20 декабр таҳти раёсати Раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
