Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Ислом» шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти ғалладона дидан карданд

3 октябр дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии «Ислом» ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшиданд.

Хоҷагии деҳқонии «Ислом» дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар замин дорад.

Ғолибони бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ муайян гардиданд

Имрӯз дар маркази шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту идораҳо, раисони навоҳии пахтакор, роҳбарони хоҷагиҳои пешқадами пахтакор иштирок намуданд.

Аёдати собиқадорони соҳаи маориф ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Имрӯз тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи омӯзгорон ба манзили якчанд нафар бонувони собиқадори соҳаи маориф рафта, эшонро табрик намуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқоти самимӣ бо собиқадорони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Бифотима Самадова ва Муҳаббат Шарифхўҷаева изҳор дошт, ки корномаҳои онҳо дар саҳифаи тиллоии таърих сабт гардида, пайваста ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбати чунин бонувони фидокор амалӣ мегардад.

Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

30 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст сохтмони корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хубҷамъ-инвест»  - ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯроки омехтаи паранда ва чорво бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, метавонад дар як соат 20 тонна маҳсулот истеҳсол созад. Бо ба кор шурӯъ намудани корхона 40 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор доимӣ таъмин мегарданд. Тавре иттилоъ дода шуд, то имрӯз 90%-и корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд

Cубҳи имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.